библиографияи миллӣ

Муҳаққиқи романҳои тоҷикӣ шастсола шуд

​ Шамсиддини Солеҳ аз ҷумлаи муҳаққиқони пуркори тоҷик аст, ки бештар дар бораи жанри адабии роман корҳои арзишманду мондагори пажӯҳишӣ анҷом додааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддини Солеҳ  7-уми ноябри соли 1959 дар деҳаи Ғағзаи ноҳияи Панҷакат ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили (1984) факултаи филологияи УДТ (ҳоло ДМТ) аст.

Солҳои 1984 -1991 дар рўзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (ҳоло «Насими  айём»-и н. Рўдакӣ) кор карда, 1992-1995 дар аспирантураи АИ Тоҷикистон хондааст. Фаъолияти минбаъдааш дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон гузаштааст,

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ...

 Аз дирӯз ба инҷониб шабакаҳо саршор аз тарикоти шогирдону мухлисони шоираи тавоно ва яке аз маъруфтарин қаламкашони замон Фарзона аст. Шоира Фарзона, ки дигар ба муаррифӣ ҳеч ниёзе надорад, дирӯз зодрӯз дошт. Аз миёни табрикоти зиёд аз навиштаи шоири баном Абдуҷаббори Суруш меорем ва ба ин муборакбодӣ шарик мешавем.

Муаллимаи бисёр азизи ман - Устод Фарзона бароям ҳаққи азими Устодӣ ва Хоҳарӣ доранд. Ҳамчу шогирд аз мактаби шеъри нобу беназирашон дарси шеър гуфтан гирифтаам ва ҳамчу бародар аз меҳрубонии

Мадиброҳим Норматов – як чеҳраи саршиноси илми забоншиносӣ аз олам даргузашт

​ Равони устод Мадиброҳим Норматов-яке аз забоншиносони маъруфи кишвар субҳи имрӯз ба раҳмати Ҳақ пайваст. Устод Мадиброҳим Норматов моҳи феврали соли гузашта 80-ро пур карда буд. Бо он ки бознишаста буд, устод ҳамоно ба шогирдон дарси забон меомӯхт ва бастагонаш мегӯянд ҳатто рӯзе қабл ҳам Донишгоҳ рафта буд.

 Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми  Зфилология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). 

 

Адабиётшиноси маъруф Валӣ Самад дар синни 83-солагӣ моро тарк кард

 Валӣ Самад-донишманди маъруф, пажӯҳишгари тавоно ва адабиётшиноси борикназар баъд аз зуҳри дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз ба хок супурда шуд. Валӣ Самад муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад. Даргузашти Валӣ Самад бидуни шак як талафоти гароне барои илм ва пажӯҳиши тоҷик аст.

Розиам худ бинам умри кӯтаҳе..

 Аз таваллуди шоири маъруф Махсум Олимӣ 63 сол гузашт ва рӯзи 24-уми октябр ба марги фоҷеабораш 27 сол пур мешавад. Яъне 27 сол аст, ки мо аз ӯ шеъри нав намехонем. Махсум Олимӣ аз зумраи шоирони навнависи кишвар буд, ки ҳар шеъраш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ба хушӣ истиқбол мешуд. Вале дардову дареғо, ки бар асари як фоҷеа бармаҳал аз миёни мо рахти сафар барбаст. Қотилонаш то кунун маълум нестанд. Махсум ҳам аз ҷумлаи ҳамон ҳазорон шаҳиди ҷанги дохилист, ки на иллати куштораш маълум шуд ва на қотилонаш пайдо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Маҳбубияти ҳунарманд

 Давлаталӣ Убайдуллоев аз ҷумлаи маъруфтарин ҳунармандони кишвар аст. Коргардонест бо сабки худ. Ва умре дар саҳнаи театри академӣ – драмавии ба номи устод Лоҳутӣ коргардонӣ кардаасту нақшҳо офаридааст. Зодаи рустои Ҳулбуки ноҳияи Кӯлоб аст, ки 8 октябри соли 1954 дида ба олам кушодааст.

Страницы