библиографияи миллӣ

Виктор Дубовитскийро шиносем

 Дубовитский Виктор  Василевич 30 майи  соли 1954 дар вилояти Чкаловский таваллуд ёфтааст (ҳоло Оренбург). Муаррих, нависанда, д. и. таърих (2004) . Хатмкардаи  факултети  таърихи  УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ; 1976), Референти ноиби Президенти АИ  ҶШС Тоҷикисон (1976-1980) х.х.и. шуъбаи  таърихи  илм ва техника (1980 -1990) ҷонишини директор оид ба илм (11990-2012).

 Мудири  шуъбаи таърихи илм ва техникаи Инстститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониши  АИ  Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз феврали 2012), ҳамзамон муаллимаи  калон ва дотсенти кафедраи

Чаро дубайтӣ?

 Дубайтӣ шеъри ёздаҳҳиҷоии мураккаби иборат аз чаҳор мисраъ дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (ё мақсур), бар вазни мафоъӣлун мафоъӣлун мафоъйл (ё фаъўлун) аст. Ин вазн хоси танҳо дубайтӣ набуда, шоирони гузашта дар қолиби он маснавӣ, ғазал ва қитъа низ сароидаанд.

 Вожаи дубайтӣ бори нахуст дар «Луғати фурс» омадааст, намунаҳои нахустини он дар эҷодиёти Маҳмуди Варроқ (асри 10) дида мешаванд.

 Дар дубайтӣ бештар мазмунҳои баланди ишқӣ, фалсафӣ, 

Парвоз ба ошёнаи дилҳо. Нодар Думбадзе

 Аз таваллуди Нодар Думбадзе-нависандаи шуҳратёри гурҷӣ 91 сол ва аз  маргаш 35 сол сипарӣ шудааст. Яке аз тавонотарин адибони даврони Шӯравии Гурҷистон буд. Дар сабки адабии Думбадзе гуфтори содаи маҳаллӣ бо танзи зариф тавъам аст. Аз рўи тамоми романҳо, инчунин повести «Кукарача»-аш филм сохта шудааст. Аз ин рў, осори Думбадзе бо ин вижагиҳои хосса, бо барҷаста кардани характери миллӣ ва лиризми баланд, идеяҳои инсондўстона, ғояи олӣ ва маҳорати баланди бадеӣ дар саросари  Иттиҳоди Шўравию хориҷ аз он машҳур гардида буданд. Асарҳои 

«Ду гул” дар балети тоҷик

 «Ду гул» аввалин балети тоҷик, ки аз  4 парда ва 5 намоиш  иборат аст (оҳанги А. Ленский, либреттои М. Рабиев). «Ду гул» нахустин бор 17 апрели 1941 дар Даҳаи  санъати тоҷик дар Маскав  намоиш  дода шуд, ки онро ҳайати  ҳунармандони Театри  давлатии  академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иҷро намуданд.

  Нақшҳои асосиро дар ин балет, А.Исҳоқова 

Дохунда ва “Дохунда”-и Айнӣ

 Аксаран касоне, ки романи машҳури устод Айнӣ «Дохунда»-ро хондаанд, шояд надонанд, ки калимаи “дохунда” чӣ маъно дорад. Дохунда, калимаи мураккаб, ки аз калимаҳои тоҷикии «додар» ва «хонда» («додархонда») таркиб ёфтааст. Дар байни қисме кўҳистониёни ҷануби Тоҷикистон (Вахё, Ховалинг, Муъминобод, Дарвоз ва ғ.) дар гузашта «дохунда» ба маънии «ошно», «ҷўра», «дўст» ва «рафиқ» истифода мешуд. Дар забони гуфтугўӣ ва адабии тоҷикӣ шаклҳои дигари ин калима- «модархонда» («модархун»), «падархонда» («падархун») низ мавҷуданд.

 

Аз Ҳусейн Насриддин ҳам ёд кунем

 Аз ҷумлаи сарояндагони мумтозест, ки бо гузашти солҳо сурудаҳояш маҳбубияти худро аз даст надодаанд. Омӯзгор буд ва худро водор мекард бештар панду насиҳат сарояд. Ин аст, ки дар барномаҳои вай панд мавзуъи асосӣ шуд. Аз даргузашташ муддати зиёд ҳам сипарӣ нашудааст, таронаҳояш ба он ҳад миёни мардум маъруфанд, ки гӯё ҳоло ҳам зида аст ва месарояд.

 Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элоки ноҳияи Ҳисор таваллуд  ёфтааст. Сарояндаи машҳури даврони

Страницы