Агар профессор Баҳром Шермуҳаммадиён зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 85 қадам мегузошт. Зодаи Самарқанди бостонӣ, олиме, ки бештар фолклори миллатро пажӯҳиш кардааст. Аз зумраи касонест, ки сурудаҳои халқро дар даҳҳо китоб гирд овардаву чоп кардааст ва ба шарофати онҳо имрӯзиёд аз сурудаҳои мардумӣ баҳра мебардоранд.
Баҳроми Шермуҳаммадиён 10 декабри соли 1934 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1957 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тўлонӣ дар шуъбаи фарҳанги мардумии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ходими илмӣ будааст.
Ҳарчанд аз мактаби ҳунари Одина Ҳошим гузаштааст, сабки хоси хониш дорад, аз осори шуарои пешину муосир ва мероси халқӣ сурудҳои зиёд бо лаҳни хуш иҷро кардааст. Ба ҳайси оҳангсоз «Саҷда ба деҳкон», «Ғофил мабош», «Ошиқ шудаам», «Сабзина», «Ман ҷавонам», «Имшаб», «Қадри шоир», «Ситораи ман», «Назира», «Кўҳнадиёро», «Дастат нагирам», «Лолагун бод», «Асар накард» барин сурудҳо эҷод кардааст, ки овозхонони шинохта мехонанд.
МИРОВ Мирзоватан 8 декабри соли 1949 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омаадааст. Актёр ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи
Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Парвоз», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Ҷодугар», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат» аз чоп баромадаанд.
Зариф Ғулом 30 ноябри соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) – вилояти Хатлон таваллуд шуда, хурд аз падар ятим мондааст ва овони кӯдакию наврасияшро дар водии Вахш гузарондааст.
Мактаби миёнаи №33 ноҳияи Колхозободро (1961) хатм карда, солҳои зиёде машғули омӯзгорӣ будааст.
Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд...
Равшан Раҳмонӣ аз маъруфтарин пажӯҳишгарони фолклор, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор аст ва даҳҳо китобҳояш, ки бо чандин забон интишор ёфтаанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Муаллиф ва таҳиягари 35 китоб ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 15 китоб ва мақолаи зиёди илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояшон бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.
Равшан Раҳмонӣ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи
Дронов Виктор Иванович 29 феврали соли 1932 дар вилояти Воронеж ба дунё омад. Муҳаққиқи геологияи Помир ва Афғонистон, проф., д. и. геология ва маъданшиносӣ (1994). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ўзбекистон (1955). Ходими калони Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1956), сардори гурўҳи геологию харитасозии Бадахшони Кўҳӣ (1956).
Дронов харитаи геологии ҷанубу ғарби Помир (1958), харитаи геологии ҷанубу Помир ва Помири Марказӣ (1961), харитаи геологии Помир (1969), Шакл (схема)-и тектоники Помир 1:000000-ро бо эзоҳҳояш тартиб додааст.