библиографияи миллӣ

Дар бораи Миралӣ Достиев чӣ медонем?

  Достиев овози форам ва маҳорати баланди эҷодӣ дорад. Дар операҳои тоҷикӣ ва классики ҷаҳонӣ беш аз 50 партия (нақш) иҷро кардааст: Марулло, Маркиз де Обри («Риголетто» ва «Травиата»-и Ҷ.Верди), Онегин, Елетский («Евгений Онегин» ва «Моткаи қарамоишоқ»-и П.И.Чайковский), Дон Жуан («Дон Жуан»-и В. Мотсарт), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно), Фигаро («Сартароши севилӣ»-и Ҷ.Россини), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов), Шоҳ Наср («Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ), Исмоил («Амир Исмоил»-и Т.Шаҳидӣ), Наср («Рўдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов), Кумар(«Посбони оташ»-и Т.Шаҳидӣ), Восеъ(«Фарёди дуриҳо»-и Т.Сатторов), Шоҳ («Қишлоқи тиллоӣ»и Д.Дўстмуҳаммадов) ва ғайра.

Доъиҳои донишвар

 Дар илму адаби форсӣ-тоҷикӣ чандин нафар бо ном ё тахаллуси Доъӣ эҷод кардаанд. Ин Доъиҳо дар гӯшаву канори қаламрави форснишин ҳаёт ба сар бурдаву асарҳои мондагори худро навиштаанд.  Дар матлаби зер бо истифода аз Энсиклопедияи миллии тоҷик чанде аз ин Доъиҳоро бароятон ошно мекунем. 

               Доъии Андиҷонӣ

 Доъии Андиҷонӣ шоири тоҷики асри 16. Аз зодгоҳаш Андиҷон барои таҳсил ба Бухоро омада, дар мадрасаи Мири Араб таҳсил мекард. Дар сини камол оиладор шуд,

Симини Донишвар – симои дурахшон дар адабиёти форсӣ

 Симини Донишвар румонннависи маъруфи эронӣ буд, ки аз худ  мероси гаронбаҳо ба ҷо гузоштааст. Вай муаллифи асарҳое чун "Шаҳре чун биҳишт", "Ба кӣ салом кунам?", "Ҷазираи саргардонӣ", "Сорбони саргардон" ва маҷмӯъаи мақолоти "Шинохт ва таҳсини ҳунар", романи машҳури “Савушун” аст. Ҳамчунин бо тарҷумаи осоре аз Бернорд Шов ("Сарбози шукулотӣ"), Атон Чехов, ("Душманон"), Олен Питун ("Бинол, Ватан"), Нотонил Ҳоурен ("Доғи нанг") ва ғайра дар муъаррифии нависандагони барҷастаи ҷаҳонӣ ба мухотабони форсизабон нақше 

 

Чу Дороб пеш омаду ҳамла бурд...

 Дороб яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, шоҳи Эрон, писари Баҳман, фарзанди Исфандиёр. Модараш Ҳумой духтари Баҳман буд, ки Баҳман ўро ба никоҳаш даровард ва ў мебоист тахти шоҳиро ба фарзандаш вогузор мекард. Ҳумой ҳомиладорӣ ва таваллуди фарзандашро ниҳон медошт. Пас аз таваллуд фарзандашро ба доя дод. Дар ҳаштмоҳагӣ сандуқеро бо дебову ҳарир орост, дар он зару ҷавоҳир ва дурри шоҳвор ниҳода ба дарёи Фурот (дар баъзе нусхаҳои «Шоҳнома» Даҷла омадааст) андохт. Дидбоне таъйин кард, ки шинои сандуқро назорат кунад. Дидбон дид, ки сандуқро об 

Донёрӣ

 Дар сол мо рӯзеро чун Рӯзи харбуза таҷлил мекунем. Дар ин рӯз бозорҳои мо таравоти дигар мегиранд. Дар саросари кишвар даҳҳо мавридеро мебинем, ки мардум ба тамошои харбуза ба намоишгоҳҳое мераванд, ки мақомот оростаанд. Ва хеле навъҳои хубу дилнишини ин меваи ширинро мебинем. Тоҷикистон кишварест, ки гунаҳои мухталифи харбуза мерӯяд. Ва яке аз ин навъҳо “дониёрӣ” ном дорад.

 Донёрӣ, навъи харбузаи миёнапазак.

Кас надонад куҷост ин дунё...

  Адиб,олим ва омӯзгор, номзади илмҳои суханшиносӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон роҳбари маҳфили адабии “Зарафшон”,Аълочии фарҳанг, маориф ва матбуот Маликнеъмат Неъматзода шастсола шуд. Маликнеъмат Неъматзода аз ҷумлаи шоирони хуби ҳавзаи адабии шимоли кишвар аст, ки бо ашъори дилпазираш миёни ихлосмандони шеър ҷойгоҳи худро дорад

Страницы