библиографияи миллӣ

Аслӣ Бурҳонов. Ленини тоҷик

 Ӯро аксари мардум, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, Ленини тоҷик меномиданд. Чун аз муваффақтарин ҳунармандони кишвар буд, ки образи Владимир Ленинро бо маҳорати хоса бозид. Дар эҷодиёти вай ҳам лениннома нақши бузург дорад. Ҳунараш дар офариниши нақши доҳӣ ба ҳадде писанд омад, ки шоситаи унвони Артисти халқии СССР шуд.

 Бурҳонов Аслиддин Бадриддинович актёри театр ва режиссёри тоҷик 8 январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Ў соли 1965 Артисти

Ҳаштод соли ҳунарманди маъруф

 Эҷодиёти Сталина Азаматова серпаҳлу ва гуногунранг аст. Бештар мавзўъҳои олами рангини кўдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, истеҳзои хасисию судхўрӣ, зулму расолати замони амирӣ, муҳофизати сарватҳои миллӣ, мардонагӣ, қаҳрамонию ватандўстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар балетҳои «Франческа да Римини», «Бо роҳи раъди ғуррон», «Ромео ва Ҷулетта», «Шабҳои Миср» ва ғайра нақшҳои асосӣ иҷро кардааст. Чандин балет – «Марги судхўр» (1978), «Камони сеҳрнок» (1985) , «Писарча ва Карлсон» (1977), филм-балети

Ёде аз Баҳром Сирус

 

Баҳром Сирус – олими барҷаста, адиби маъруф дар синни 96-солагӣ ҳудудан чиҳил сол пеш тарки олам карда буд. Вай умри ҷавонии худро сарфи пажӯҳишу офаридани қиссаву достонҳои хонданӣ кард. Дар 70-солагӣ рисолаи номзадӣ ва дар 80-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кард. То охирин лаҳазоти умр аз омӯзишу эҷод ҷудо набуд.

 Баҳром Сирус (Оҳунзода Мирзомуҳаммад) 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ленкорани Озарбойҷони Шўравӣ ба  

Марде, ки чиҳил ҳунар барояш кам буд

 Аввали соли равон ба зодрӯзи Шамсӣ Қиём, яке аз устураҳои санъату ҳунари тоҷик сад сол пур шуд. Вай бист сол пеш ҷамъи моро тарк гуфта буд. Бо гузашти солҳо ҳамоно театрҳои кишвар намоишномаҳои ӯро рӯйи саҳна меоранд. Ҳамоно филмҳояш зиндаанду аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионӣ намоиш дода мешаванд. Ҳамоно хотироти некаш дар қалби даҳҳо шогирдонаш боқист ва сари чанд вақте дар матбуот аз ӯ ёд мекунанд. Мардони ҳунар намирандаанд.

 Шамсӣ Қиём - ҳунарманд, коргардон, драматург, 

Рустам Дуллоев кист? Оё шумо ӯро мешиносед?

 Ин ду суол вақте сарамон чархид, ки матлаби зерро омода мекардем. Дар ҳақиқат, оё ҳама Рустам Дуллоевро мешиносанд? Тоҷике, ки ба номаш месазад ифтихор кард, ҳаммиллате, ки ҳам миллат ва ҳам ҳунари миллатро дар Аврупо муаррифӣ кардаву мекунад. Магар айб нест, ки ӯро нашиносем? Матлаби зер барои ҳамаи касонест, ки мехоҳанд дар бораи ин ҳунарманди пурдон ва ин тоҷики муваффақ маълумот ҳосил кунанд.    

Ҳаштоду панҷ соли ҳунарманди маъруф

 Фотима Ғуломова, ки охирин рӯзи сол ба синни мубораки 85 қадам мениҳад, аз маъруфтарин бонувони ҳунари тоҷик аст, ки муддати ҳудудан 60 сол дар саҳна аст. Тӯли ин муддат дар даҳҳо намоиши театрҳо ва филмҳо нақшҳои хотирмон бозидааст, дар дубляжи садҳо филм ширкати фаъолона доштааст. Модаре, ки ҳунарманди маъруфе чун Барзуро ба миллат дода.

Фотима Ғуломова 31 декабри соли 1934 ноҳияи Шаҳринав

Страницы