74 сол аз зодрӯзи рӯзноманигори маъруф ва яке аз беҳтарин суратгирони кишвар Муҳиддин Олимпур сипарӣ шуд. Ва аз марги фоҷеавии ин марди донишманд ҳам 25 сол гузашт. Биступанҷ соле, ки Олимпур бо мо нест ва моро лозим омад ин ҳама солҳо дардҳову ғуссаҳои бе ӯ буданро ҳам таҳаммул кунем. Аз даст додани мардони фозиле чун Олимпур талафоти гаронест барои миллат.
Агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, имсол 80-умин солгарди умрашро ҷашм мегирифт. Дардеву дареғо, ки дар як садама дар синни 32-слагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Рафт, дар лаб шеъри ногуфта ва шояд садҳо мақолаҳои хуби хонданӣ нонавишта. Чун он замон рӯзноманигорӣ мекард ва даҳҳо мақолаҳои хубаш дар саҳифаҳои “Тоҷикистони саветӣ” чоп шуда буданд. Вале ӯро чун шоир
Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.
Ҳадиса аз шоираҳои пурмаҳсули тоҷик аст. Муаллифи китобҳои «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ. мебошад.
ҲАДИСА (Ҳадиса Қурбонова) 17 феврали соли 1940 дар деҳаи
Оре, агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Вале ин адабиётшиноси шинохтаву донишманди хуб умри хеле кутоҳе дошта. Вай дар синни 46 - солагӣ тарки олам кард. Синне, ки мебоист беҳтарин таҳқиқотҳои адабиашро анҷом медод. Ёдаш ба хайр!
Маъруф Раҷабӣ 14 феврали соли 1955 дар шаҳри Кўлоб ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Кўлобро бо баҳои аъло хатм кардааст. Муддате дар донишкадаи номбурда, раёсати Ҷамъияти «Дониш» ва Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифои вазифа
Ин суҳбати ихтисосӣ Бо Азизи Азиз-яке аз адибони маъруфи бачаҳо чор сол пеш доир ва дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд. Субҳи имрӯз паём аз зодрӯзи адиби маъруф расид. Мусоҳибаро бори дигар хондам ва онро боз ҳам дархури рӯз ёфтам. Басо нуқтаҳои ҷолибе дорад ин суҳбат, ки хондани он талафи беҳудаи вақт нахоҳад буд. Мушкили имрӯзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон ва минтақа,