Шоир Муҳаммад Юсуф зодаи замони ҷанг аст. Тақрибан ним моҳ пас аз рӯи дунё омаданаш хабари хатми ҷанг расид. Қудуми муборак дошт ва муборак зист. Соҳиби китобҳои зиёд нест. Вале шеъри камаш ҳам аз шоириву муҳаббаташ ба шеър гувоҳӣ медиҳад. Хеле зиндагонии хоксорона дошт. Инсоне буд самимӣ ва дӯстдоштанӣ. Агар зинда мебуд, ҳоло ба 75 медаромад. Ёдаш ба хайр.
Даҳ сол шуди миёни мо нест. Дар айни камолоти эҷодӣ тарки олам кард. Вале даҳҳо таронаи марғубаш барояш умри ҷовидон овард. Ҳоло ҳам, ки аз радио таронаҳояшро мешунавем, гумон мекунем ӯ зинда аст, миёни мост ва ҳамоно бо сабку услуби хосаш таронаҳои нав месарояд. Сурудаҳояш ба ҳадде мақбуланд, ки давру замон надоранд. Васфи як дараи афсонавӣ – Яғноб ҳазорон нафарро ошиқу дилбастаи Яғноб
Созу навои “Гулшан”-и овозадор ҳамоно зинда аст. Ин аввалин дастаи ҳунарии эстрадии кишвар ҳунармандони маъруфе чун Баҳодур Неъматов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Орифшо Орифов, Кароматулло Қурбонов, Раҳима Шалоер, Хурмо Ширинова ва дигаронро ба миллат муаррифӣ кард. Ва Мағфират Ҳамроқулова низ гуле аз гулистони
Салом ба ҳамаи кормандони сомонаи Китобхонаи миллӣ. Як пурсиш доштам. Замоне унвоне доштем бо номи Китобдори Хизматнишондода. Оё ин унвон ҳоло ҳам вуҷуд дорад? Агар вуҷуд дорад, он ба киҳо бояд дода шавад? Масъули эътои он кадом ниҳод аст? То кунун дар кишвар чанд нафар соҳиби ин унвонанд?
Бо эҳтиром Саҳобиддин Амирҷонов,
Саду бист сол пеш дар Самарқанди бостонӣ адиби хушзавқ, тарҷумони чирадаст Ҳасан Ирфон дида ба олам кушод. Чилу ҳафт сол аст, ки аз ҷамъи мо рафта, вале ҳамоно ному ёдош боқист. Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» мебошад, ки имрӯз маъруфияти худро гум накардаанд. Вале Ҳасан Ирфон бештар ба тарҷума машғул шудаву беҳтарин асарҳои адибони оламро баргардон кардааст.
(1964) Ҳасан Ирфон 22 марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, Курси дусолаи ҳисобдори
Шоир, нависанда, дрматурги маъруф Меҳмон Бахтӣ ба синни мубораки 79 расид. Устод Меҳмон бидуни шак аз чеҳраҳои мондагори олами адаби кишвар аст. Кам адиберо суроғ дорем, ки дар назму наср ва драматургия баробар муваффақ шуда бошад. Устод Меҳмон дар ҳамаи ин жанрҳо қалам фарсудаву муваффақ шудааст.
МЕҲМОН БАХТӢ 25 марти соли 1941 дар деҳаи Шул, ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.