библиографияи миллӣ

Нақиб Саид (1930-1992)

 Журналист Нақиб Саид умри дароз надид. Дар синни 62-солагӣ тарки олам кард. Яке аз рӯзноманигорони пурталош буд. Хуб менавишт, барои иншои мақолаҳояш мавзӯъҳои ҷолибро интихоб мекард. Ва шеър ҳам менавишт ва осораш дар чандин маҷмӯъаҳои дастаҷамъӣ интишор ёфтаанд.

 Шоир, ашъораш содаю равон ва оҳангдор аст, дар шакл ба осори классиконамон пойбанд буд, 

Мусаввири саҳнаоро Шобутолиб Шобутолибов

​ Умре саҳна оро додааст. Дар беҳтарин намоишномаҳо ба ҳайси ороишгари саҳна интихоб шудааст. Маҳорати хуби эҷодӣ дорад, метавонад саҳнаро тавре оро диҳад, ки ба муроди дили коргардони он бошад. Истеъдоди фитрӣ ёраш. То кунун дар даҳҳо намоишномаҳои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ номи ӯро чун рассом мехонем. Имрӯз умраш ба 70 расид.

Шобутолибов Шобутолиб Шоиброимхонович рассоми театри тоҷик 30 майи соли 1950 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони

Нависандае, ки ҳаҷваш маъруфияти хоса дорад

 Нависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омўхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рўзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рўзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷўйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Даргузашти Ҷӯрабек Назрӣ – хунёгари мумтоз ва олими шинохта

Ҷӯрабек Назрӣ, хунёгари маъруф, олими шинохта, пажӯҳишгари беҳамто бар асари бемории КОВИД-19 тарки олам кард. Рӯзи иди мубораки Фитр буд, ки ба хок супурда шуд. Ошиқи Худо даъвати Офаридгорашро дар чунин рӯзи Сайид пазируфт ва ошиқонаву муштоқона ба дидори ҳазрати Дӯст шитофт. Руҳаш шоду манзили охираташ нуронӣ бод! 

Мусо Азозода, бародари профессор Худойназар Асозода аз олам даргузашт. Мусоҳибае аз чанд соли пеш

 Ростӣ аз шунидани хабари фавти нобаҳангоми Мусо Асозода, дӯст ва бародари донишманду арҷманд дилам хун шуд. Бо Мусо дӯст будем, ҳарчанд хеле дер-дер медидем. Баъди даргузашти устод Худойназар Асозода дар бораи устод ба ӯ ҳамсӯҳбат шудам. Онро дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп кардам. Баъдан он бо библиографияи устоди шодравон дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ҳам ҷо дода шуд.

 

90 соли Қиматшо Иматшоев

Қиматшо Иматшоев агар зинда мбуд, имсол ба синни 90 даромада буд. Моро аз марги нобаҳангоми ин ҳунарманди нотакрор 48 сол ҷудо мекунад. Яъне, ҳуудан ним аср аст, ки бо мо нест. Вале дар м аҳфилҳои ҳунариву театрӣ ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Ҳунарманде буд, ки бо образҳои мондагораш дар ёду хотири биннад боқӣ мондааст.

 

Страницы