библиографияи миллӣ

Диссертатсия чист?

Дар замони мо истилоҳи «диссертатсия» серистеъмол шудааст. Бахусус баъди Истиқлол ёфтани кишвар ва руҷӯъи бештар ба кашфиётҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ афзуда ва афроде бо унвонҳои илмии номзади илм ва доктори илм низ зиёд шудаанд. Пас диссетртатсия чист? Мехостем хонандагони мо тасаввуроти илмӣ дар бораи

Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо, яъне чӣ?

Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо (лот. dissipation – пароканиш), пароканиши атмосфераи сайёраҳо дар фазои Кайҳон. Механизми асосии диссипатсияи атмосфераи сайёраро ҳаракати ҳароратии молекулаҳо ташкил медиҳад, яъне ҳангоми ба суръати буҳронӣ (суръати дуюми кайҳонӣ) соҳиб шудан молекулаҳои қабатҳои берунии атмосфера (экзосфера) майдони ҷозибаи сайёраро бартараф ва онро тарк мекунанд. 

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. ҚАЛЪАИ ДОРОБӢ

Қалъаи Доробӣ, ёдгории бостонӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ, Доробӣ теппаи дарозрўяи маҳрутшакл буда, баландиаш 9-10 м. дарозии сатҳи поинӣ 78 м. паҳно 34 м. дарозии қисмати болоӣ 50 м. ва паҳноияш 12 м аст.

В. В. Бартолд қитъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрўзи роҳ 

Додгоҳ гуфта буд, ки Суқрот гунаҳгор аст. Афлотун исбот кард: НА, ГУНОҲ НАДОШТ!

Ҳамин аст моҳият ва мазмуни яке аз машҳуртарин асарҳои Афлотун, ки бо номи «Дифоияи Суқрот» машҳур аст. Ин асар аслан фарогири суханронии Суқрот дар додгоҳ (соли 399 то м.) барои ҳимояи худ аст. «Дифоияи Суқрот» ягона асари Афлотун мебошад, ки ба сурати ғайри муколамаҳои «суқротӣ» наздикӣ дорад. Афлотун дар он мундариҷа ва муҳтавои се суханронии Суқротро ҷой додааст, ки ахирӣ дар додгоҳ барои ҳимояи 

Агар Ато Карим зинда мебуд...

Имрӯз зодрӯзи Ато Карим-шоири шинохтаи мардумӣ, муаллифи чандин китобҳои хонданист. Агар умр вафо мекард, имрӯз аз гулистони ҳафтодумин баҳори умраш гул мечид. Дардову дареғо, ки шоири шӯридадил пайвандон, дӯстон ва шефтагони ашъорашро дар ғафлат гузошт ва охири моҳи майи соли равон баъди як бемории начандон тӯлонӣ олами моро тарк кард ва ошиқонаву мухлисона ба дидори Дӯст шитофт. 

 

70 соли Бобохон Маҳмадов

 Бобохон Алиевич Маҳмадов 8 июли соли 1950 дар деҳаи Куҳнабалҷувони ноҳияи Данғараи ба дунё омадааст. Таҳсил дар шуъбаи китобшиносии Ҳунаристони кооперативии шаҳри Душанбе дар солҳои 1968-1979. Фаъолият дар вазифаҳои гуногуни Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии савдои китоб. Оғози фаъолияти рўзноманигорӣ дар солҳои 1970-1975. Таҳсил дар шуъбаи ҳуқуқшиносии Университети  марксизм – ленинизми назди КМПК Тоҷикистон дар солҳои 1971-1975. Сардори шуъбаи 

Страницы