Духтари Ғазолӣ шоири форс - тоҷик. Ба қавле духтари мутафаккири бузург Муҳаммад Ғазолии Тўсӣ. Дар тазкираи «Ҷавоҳиру-л-аҷоиб» ў ҳамчун зани боҳусн ва оростасират ёд шудааст. Навиштаанд, ки табъи пуршўре доштааст.
Намунаҳое аз ашъори ў:
Кўҳкан беҳуда шўре дар ҷаҳон афкандааст,
Канда санге чанду пиндорад, ки кўҳе кандааст.
Духтари Солор шоири форс - тоҷик. Дар бештари тазкираҳо бо ҳамин ном ёд шудааст. Баъзе тазкираҳо ўро Бинти Исфаҳонӣ низ ном бурдаанд. Падараш Ҳусомуддини Солор, мулаққаб ба «Ҳуҷҷату – л- ҳақ устоду – д – дунё», шоир ва файласуфи нимаи дуввуми асри 12 буд.
Духтари Солор дар Мавсил зистааст. Дар мадҳи Азмуддин Кайқубоди аввал (ҳукмронӣ 1210-1217), аз подшоҳони салҷуқии Осиёи Хурд,
Дониёл яке аз паёмбарони банӣ Исроил, қаҳрамони асосии «Китоби Дониёли паёмбар»-и Аҳди Атиқи Библия. Тибқи маълумоти китоби мазкур пас аз тасарруфи Уршалим ба дасти шоҳи Бобил Бухтунассар (Навоуходоносори II: 605-562 то м.) ва асорати банӣ Исроил Дониёл ҳамроҳи се тани дигар барои хидмат ба дарбор оварда шуд. Худованд ба Дониёл ҳикмат ва илми таъбири хоб ато карда буд. Дониёл пас аз таъбири хоби Бухтунассар назди вай мартабаи баланд ёфт.
Дирӯз, 1-уми сентябр қалби яке аз маъруфтарин ҳунармандони кишвар Мавлуда Обидова аз задан бозмонд. Наздиконаш гуфтанд, ки ҳунарманди варзида бар асари сактаи қалбӣ аз олам гузашт. Як моҳу се рӯз пас 72-солаи пур мешуд. Мавлуда Обидова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки бо офаридани образҳои нотакрор дар саҳнаи театру кино нақши муҳим дорад ва яке аз чеҳраҳои дурахшони санъати тоҷик ба шумор меравад. Ёдаш ба хайр ва хонаи охираташ ободу нуронӣ бод. Мавлуда Обидова 3 октябри 1948 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон буд. Соли 1971 Институти давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и шаҳри Москваро хатм намудааст. Аз соли 1971 ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд.
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Илич Нурова агар зинда мебуд, имсол 95-сола мешуд. 16 сол пеш бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Шахсияте буд нотакрор, инсони шариф, содиқ ба ғояҳои коммунистӣ ва яке аз муборизон дар роҳи тантанаи адолат. Як бахши ҳаёти ӯ дар корхонаи нонпазии шаҳри Душанбе гузаштаву сарварии назоратчиёни халқиро ҳам ба уҳда дошт. Ин гурӯҳ он замон миёни мардум маҳбубияти хоса дошт, чун бе ягон тобеъият ба роҳбарияти корхона рейдҳо мегузаронд ва дуздону ҳаннотонро боздошт мекард. Нурова Илич дар деҳаи Курговати ноҳияи Калъаихум 17 августи соли 1925 таваллуд шудааст. Вай нонпаз, пешқадами истеҳсолот, яке аз
361 сол пеш аз, дақиқан рӯзи 30 августи соли шоир, насрнавис, мутарҷим, донишманд ва подшоҳи Ҳиндустон, писари бузурги Шоҳҷаҳон Дорошукўҳ ба қатл расид. Дар китобҳои «Сафинату – л – авлиё» ва «Сакинату – л – авлиё» Дорошукўҳ оид ба таърихи ислому тасаввуф, интишори ҷараёнҳои гуногуни тасаввуфӣ дар Ҳиндустон, намояндагони онҳо ва асосҳои фалсафии силсилаи қодирия маълумот додааст. Дар ин асарҳо дар бораи зиндагиву осори бисёре аз шоирону донишмандони форсизабони Ҳиндустон, ки ба ҷараёнҳои тасаввуфӣ гаравида буданд, ахбори муҳим дарҷ гардидааст. Дар асарҳои «Ҳасаноту – л – орифин», «Тариқату – л – ҳақиқат», «Рисолаи ҳақнамо»,