Забти ситора, забти як ситора бо ситораи дигар, ки бо таъсири ситораи севвум ба амал меояд. Тақрибан беш аз 50 дарсади ситораҳоро дар осмони ситоразор ситораҳои дугоник ташкил медиҳанд. Онҳо низоми ягонаи динамикӣ дошта, зери таъсири қувваи ҷозибаи ҳамдигар дар атрофи маркази умумии масса чарх мезананд.
Чунин низомро танҳо ҳолати таъсири ҷозибаи байниҳамдигарӣ ва таҳаввули физики ҳамсафари он
Нависандаи маъруф Баҳманёр Арабзода Аминӣ дар синни 66-солагӣ тарки олам кард. Баҳманёр аз зумраи маъруфтарин адибони муосир буд, ки дар навиштани ҳикоя дасти расо дошт. Рустои тахаюлӣ бо номи Сармаддеҳ офарид ва як силсила ҳикоёти ҷолиберо аз ҳаёти мардуми он навишт, ки ба зеҳни хонандаи имрӯз хуб нишаст. Шояд аксари кулли ҳикоёташ бастаи ҳамин Сармаддеҳи хаёлист. Рафтани Баҳманёр талафоти бузургест дар адабиёти форсизабонон. Ёду номаш ба хайр!
Ёқути Ҳамавӣ Шиҳобуддин Абиабдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ар-Румӣ, ал-Ҳамавӣ (тақр. 1179, Осиёи Хурд – 1229, Ҳалаб), олим, сайёҳ, муаррих ва ҷуғрофиёдони маъруфи асримиёнагӣ. Дар хонадони юнонӣ таваллуд шуда, дар хурдсолиаш ба дасти мусулмонон асир афтод. Ўро дар бозори ғуломфурўшии Бағдод тоҷире бо номи Аскар ибни Абунаср Иброҳими Ҳамавӣ аз шаҳри Ҳамоҳ харидорӣ намуд. Бо ин сабаб нисаби соҳибаш аз Ҳамавӣ ба Ёқутӣ гузашт.
Азбаски Ёқути Ҳамавӣ падарашро намедонист, аз рўйи анъана ўро «Ибни Абдуллоҳ» мегуфтанд. Чун хоҷаи Ёқути Ҳамавӣ чандон саводи хуб надошт, ўро дар мактаб гузошт, то дар корҳои ҳисобу китоби тиҷораташ ба ў ёрӣ расонад. Ёқути Ҳамавӣ аз давраи ҷавонӣ бо супориши
Ёркасӣ
Ёркасӣ Абубакр Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҷаъфар (1055 дар рустои Ёркас, Самарқанд – 1126, рустои Чокапдиза, Самарқанд), фақеҳ ва қории Қуръон. Дар Самарқанд назди қозӣ ва имом Муҳаммад ибни Аҳмад ал Хаффоф таълим гирифта, аз имомхатиб Абубакр ибни Ҳамза ал-Мадинӣ ва қозӣ Абуалӣ ал-Ҳасан ибни Муҳаммад ал-Фуқоӣ ахбор шунидааст.
Евросиё, Авруосиё, Евразия, бузургтарин материки кураи Замин дар Нимкураи шимолӣ (як қисми ҷазираҳо дар Нимкураи ҷанубӣ). Масоҳаташ 54,7 млн км2 (зиёда аз сеяки тамоми хушкӣ). Аҳолиаш 4,57 млрд нафар (2016). Евросиё аз ду қитъаи олам – Европа ва Осиё иборат буда, марзи байни онҳо шартӣ аст. Нуқтаҳои канории қитъа: дар шимол- димоғаи Челюскин (77043/ а.ш), дар ғарб – димоғаи Рока (9034\) дар нимҷазираи Таймир, дар ҷануб – димоғаи Пиай (1016/)
Дяконов Игор Михайлович 30 декабри соли 1914 дар Петроград ба дунё омадааст. Шарқшиноси рус доктори илмҳои таърих (1960), узви ифтихории Анҷумани шарқшиносони Амрико (1972), Академияи санъат ва илми Амрико (1985), Академияи илмҳои гуманитарии Русия (1992), Анҷумани осиёии шоҳии Британияи Кабир ва Ирландия.
Иштирокчии ҶБВ (1941–1945). Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1938). Муаллими кафедраи сомишиносӣ (1940–41,1945–50), ходими илми, мудири шуъбаи Шарқи қадими Эрмитажи давлатӣ (1936–59), ходими илми шуъбаҳои ленинградии Институти таърих ва институти шарқшиносии АИ ИҶШС (аз 1953).