Абулқосим Маҳмуд ибни Умар (1075, Замахшар, Хоразм – 1144, Гурганҷ), мулаққаб ба Ҷоруллоҳ ва Фахри Хоразм, мутакаллими муътазилӣ, фақеҳи ҳанафӣ, забоншинос (наҳвӣ) шоир ва муфассир. Таҳсилоти ибтидоиро дар Хоразм, дар назди падар ва дигар олимони диёри худ – Абумузар ибни Ҷарир аз-Заббии Наҳвии Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Музаффари Нишопурӣ, Шайхулислом Абумансур Насри Ҳорисӣ, Абусаъид Шаққонӣ ва дигарон фаро гирифтааст.
Замахшарӣ аз муътазилиён, ки бинобар таъқиби Аббосиён ба Хоразм паноҳ бурда буданд, мазҳаби эътизолро омўхт ва дар муддати андаке яке аз бузургтарин намояндагони ин
Ҷумъа Дӯст. Баробари ба забон овардани ин ном меҳри беандоза ба қалбҳои ёру дӯстон, кулли хешу ақрабо ва инчунин дӯстдорони адабиёт ҳувайдо мешавад. Дубора рӯҳи поку ҷовидонааш бидуни ихтиёр бо чеҳраи шоду шукуфабораш пеши назар меояд. Ӯ ниҳоли навбари ғарқи гул дар майдони фарохи адабиёт буд. Бо сабки услуби шеъри навину муосир ва диди тозаю нав. Саҳифаҳои матбуоти солҳои 80-уми қарни гузаштаро дар қатори шоирони барҷастаю ҷавон шеърҳои шодравон Ҷумъа Дӯст рангу ҷило мебахшиданд. Вале, сад афсӯс! Дар айнӣ авҷи камолоти эҷодӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бо аҳли оилааш рӯзи 24-уми ноябр соли 1986 аз маҳфили мо рафт,
Забони давлатӣ, мақоми расмие, ки давлат ба як ё якчанд забони маъмули серистеъмоли мамакат медиҳад. Чунин мақом ба зимаи аҳолӣ, шахсони мансабдор, инчунин мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқ ва истифодаи он уҳдадориҳои муайян мегузорад. Ба Забони давлатӣ коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сурат мегирад, қонунҳо нашр мешаванд, интихоботу райъпурсӣ баргузор мегардад ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони
Забонаҳои офтоб, машъалаҳои офтоб, машъалаҳое, ки бевосита дар гирди доғҳои Офтоб мушоҳида мешаванд. Забонаҳои офтоб ба намуди қитъаҳои нисбатан равшан дар канорҳои қурси Офтоб беҳтар мушоҳида шуда, ҳарораташон нисбат ба ҳарорати атроф то 20000С баландтар аст.
Забонаҳои офтоб дар гирди доғҳо ҷой гирифта, аз онҳо пештар пайдо ва дертар нест мешаванд.
Завқии Дарвозӣ Абдулқоҳир, Эшони Домулло соли 1800 дар деҳаи Сангевн, Дарвози Бадахшон ба дунё омадааст, шоири тоҷик. Дар зодгоҳ, дар муҳити хонаводагӣ омўзиш дидааст. Завқии Дарвозӣ дар байни мардуми Дарвоз ба нисбаи «Домулло» шуҳрат дошт. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафта, айёми толибилмӣ ба шеър гуфтан оғоз кард ва тадриҷан дар ин фан устоду номвар шуд. Дар мухаммас гуфтан маҳорат дошт. Абёти зер аз ўст.
Оташам, дар хирмани хошок шўру шар задам,
Сафҳаи дилро ба тори ростӣ мистар задам.
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирону нависандагони зиёде бо ному тахаллуси Завқӣ эҷод кардаанд. Ҳар кадоме дар гӯшае аз қаламрави форсзабонон макон доштаву бо завқу салиқаи хос шеъру достон сурудаанд. Шояд бо ин тахаллус хеле зиёд донишмандон дошта бошем. Ва ин бояд бештар пажӯҳиш шавад. Дар ин матлаб аз чанде ёд мекунем.
Завқӣ
Абдуқаҳҳор ибни Муҳаммадкарим, шоири тоҷик. Дар Бадахшон маълумоти ибтидоӣ гирифта, таҳсилашро дар Бухоро давом дод ва пас аз хатми мадраса ба зодгоҳаш