библиографияи миллӣ

Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз ҳунарманди маъруф, яке аз шаҳсутунҳои театр ва синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84 - солагӣ, дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандонаш дар Фейсбук хабар доданд. Ҳабибулло Абдураззоқов бидуни шак як чеҳраи мондагори санъати театр ва кинои тоҷик аст, ки муддати бештар аз 60 соли охир бо офаридани чеҳраҳои зиёд миёни мардум маъруфияти хос дошт. Хонаи охирати ҳунарм анди нотакрор обод бошад.

Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри соли 1937 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи Москва факултети актёриро хатм кардааст. Соли 1964 курси олии режиссёрии

Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Боқӣ Раҳимзода аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти асри 20 аст, ки осораш дар радифи шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакар ба зумраи ашъори мондагор дохил шудааст. Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ, мураттибон З. Ғолибов, И. Ормонов,  пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Б. Наботова, Б. Қурбонова ва муҳаррирон Г. Маҳмудов, Н. Валиева таҳия шудааст.

Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми

Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон нашр шуд

Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбандӣ, омўзишу тарғиби осори адабӣ ва адабиёт дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ таҳия шудааст. Мураттибон Г. Маҳмудов, Б. Курбонова, пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Д. Сайдамирова, И. Ормонов  ва муҳаррир С. Раҷабова мебошанд.

Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 84 саҳифа аз чоп баромад ва дар он мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносон оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон,

​Китобномаи шарҳиҳолии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муаммадиев аз чоп баромад

Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбандӣ, омўзишу тарғиби осори адабӣ ва адабиёт оид ба Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўадулло Рўдакӣ ва Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон  Фазлиддин Муҳаммадиев аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ мураттибон Наргис Валиева, Бибикубрия Курбонова,  пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Баргигул Наботова, Зафар Ғолибов ва муҳаррир Гадобек Маҳмудов таҳия шудааст. Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 80 саҳифа аз чоп баромад. Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва

Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон, марҳум Гулназар Келдӣ

Марги шоир фоҷиаест бузург, зеро марги шоир марги як ҷисму ҷони одӣ ва заминӣ нест; марги шоир марги истеъдод ва табъи худодод аст; марги шоир марги ишқ аст, марги муҳаббату самимият, марги зебоиҳо, орзуҳои ширин, марги ормонҳои бузурги инсонист. Устод Гулназар як сутуни мустаҳками адабиёти муосири мо, як дили пур, як ҳамроҳи баэътимоди ҷодаи суханварӣ дар канори мо буд, ки баъд аз ин, дареғо, ҷояш холӣ мемонад ва касе наметавонад онро пур кунад.н

Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ омода ва чоп шуд. Мураттибон Наргис

 

70 соли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло маҳфили хотирмоне баргузор шуд. Камол Насрулло аз маъруфтарин чеҳраҳои адаби мост, ки бо ашъори нобу дилпазираш мақоми хос дорад. Ӯ 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981),

Страницы