библиографияи миллӣ

Мухтасар дар бораи Ғазолии Ҳиравӣ, Ғазолии Ҷанбак ва Аҳмад ибни Исҳоқи Ғазонӣ

Ғазолии Ҳиравӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш таҳсили илм карда, ба камол расидааст. Дар шеър шогирди Ҳайдари Кулчапаз буд. Ба Ҳиндустон сафар карда, бо Ғазолии Машҳадӣ вохўрдааст. Бо ў дар хусуси тахаллуси «Ғазолӣ» карданашон мутоибаву баҳс мекардааст. Баҳс ба фоидаи Ғазолии Ҳиравӣ анҷом ёфтааст, чунки ў ин байти мақбулро гуфта, ғолиб омадааст:

              Назар сўяш накардам в-аз гирифторӣ ҳазар кардам,

              Вале худро гирифтори ту дидам, то назар кардам.

Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки шоири

Ғаззолии Тӯсӣ

Муҳаммад ибни Аҳмади Ғаззолии Тўсӣ (фавт 1127, Қазвин), ориф ва фақеҳи маъруф, бародари хурдии Муҳаммади Ғаззолӣ. Дар Тобирони Тўс таваллуд шудааст. Дар тариққати суфия пайравии орифи машҳур Абубакри Насоҷи Тўсӣ будааст. Ғаззолӣ суханвари тавоно ва муаллими бомаҳорат будааст, бинобар ин баъд аз Муҳаммади Ғаззолӣ даҳ сол дар «Низомия» вазифаи

Ғалати ом чист?

Ғалати ом (м) ғалати машҳур, ғалати мусталаҳ ё худ вожае, ки лиҳози луғату дастури забон  ғалат, вале бисёр роиҷу мутадовил  аст. Муқобили ғалати авом. Ғалати ом зоҳиран аз иштибоҳи  китобии  ин  ё он котибу нависанда ва ё аз гуфтори лаҳҷавии ашхос сар зада, маълум ва аз ҷониби  аҳли  ҷомеа, соҳибони забон  пазируфта шудааст ва он чун меъёр мавриди  истифода мебошад. Масалан, калимаи «чаро» дар

Чаро Замин меҷунбад?

Вақтҳои охир Замин дар Тоҷикистон зиёд меҷунбад ва ҳар боре он такон мехӯрад, шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз хабар мешаванд. Ташвишу изтироби сокинон қобили дарк аст. Кишвари мо ҳам дар гузашта шоҳиди заминларзаҳои харобиоваре будааст ва ҳар боре аз онҳо ёд меояд, ҷигарҳо барои рафтагон пурармон хун мегирянд. Аммо чаро замин меҷунбад ва зилзилаҳои харобкор дар кишвари

Рӯнамоии шаш китоби тозанашри Китобхонаи миллӣ

Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, рӯзноманигорон рўнамоии дастурҳои библиографии  Назри Яздон, Боқӣ Раҳимзода, Гулназар Келдӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, «Тоҷикистон дар адабиёти ҷаҳон (1986-90)», «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ахиран мунташир шуда буданд, баргузор гардид. Дар маҳфил ҳамчунин муовинони диретори Китобхонаи миллӣ 

Бобоҷон Азизов –ҳунарманди маъруф низ тарки олам кард

Ҳамин лаҳзаҳо хабари марги Бобоҷон Азизов –ҳунарманди варзида ва дӯстдоштанӣ расид. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон. Хонаи охираташ ободу рӯҳаш шод

Страницы