библиографияи миллӣ

Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: Оё шумо дарахти ғорро дидаед?

Ғор (Laurus nobilis),  дарахти ғор, даҳмушт, дарахти ҳамешасабзи субтропикӣ. То 10-15 м қад мекашад. Сершоху навда, ҳирамшакл. Баргаш чармгун, дарозмўя (дарозиаш 6-20 см, бараш 2-4 см) ё нештаршакл, думчааш кўтоҳ; бўйи тунд дорад. Гулаш майда, сафеди якҷинса; мевааш донакдори сиёҳ. Давраи гулшукуфташ март – июн, самараш моҳҳои октябр – ноябр пухта мерасад.

Ғор аслан аз мамолики соҳили баҳри Миёназамин аст. Дар Туркия, Юнон, Италия, Фаронса, Испания, Португалия ва Албания, соҳилҳои баҳри Сиёҳи Қафқоз, Озарбойҷон дучор меояд. Аз тухм, қаламча, бехҷаст зиёд мешавад. Ғор соли якум зуд сабзида, соли дуюм 60-80 см қад мекашад. Бори аввал дар 4-6 солагӣ гул мекунад.

Фотима Ғуломова-ҳунарманди маъруф ва яке аз шаҳсутунҳои ҳунари тоҷик даргузашт

Фотима Ғуломова-яке аз ҳунармандони маъруфи кишвар дар синни 87-солагӣ дар манзилаш шаҳри Душанбе аз олам даргузшт. Фотима Ғуломова ҳамсари шодравон Ҳабубллоҳ Абдураззоқов аст, ки моҳи январи соли равон аз олам гузашта буд. Фотима Ғуломова муддати бештар аз 60 сол дар саҳна буд ва  дар даҳҳо намоиши театрҳо ва филмҳо нақшҳои хотирмон бозидааст, дар дубляжи садҳо филм ширкати фаъолона доштааст. Модаре, ки ҳунарманди маъруфе чун Барзуро ба миллат дода.

Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: ҒАРАБ

Ғараб (Arundo donax), ғарав, савачўб, рустании бисёрсола; то 6 м қад мекашад. Пояаш рост (қутраш 1–3,5 см), баргаш нўгтез (дарозиаш 30-60 см, бараш 1-8 см). Хўшагулаш ҷорўбакшакл (дарозиаш 40-70 см, бараш 5,8 см). Моҳҳои июл – ноябр гул карда, тухм мебандад. Ғараб дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропики Амрико, ҷануби Осиёи Марказӣ, Осиёи Хурд, Қафқоз, Қрим, хамчунин дар Тоҷикистон дар ҷойҳои сернам, соҳили дарё, ҷўйбор, чашмаву кўҳҳои ноҳияҳои ҷанубӣ (дар баландии то 900 м аз с.б.) мерўяд.

Ғараби худрўй кам мондааст. Ҳамчун зироати хўроки чорво парвариш кардани ғараб муҳим аст. Дар мавсим ғарабро ду бор медараванд. Аз он силос ва орди алаф тайёр мекунанд. Дар

Чанд ҳарфе барои донистани ғеша

Ғеша (Carex pachystylis), ран, гиёҳест бисёрсола. Дар шимоли Африқо (Миср), Осиёи Пеш (Афғонистон, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Лубнон, Сурия, Туркия), Қафқоз (Арманистон) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мерўяд. Пояаш рости серқирра, 10-30 см қад мекашад. Баргаш борик, аз поя кўтоҳтар; дарозиаш 5-10, дар ҷойҳои сернам 30-40 см. Хўшагулаш саракмонанди бўртоб

Девони ашъори Ғабро дар Китобхонаи миллӣ

​Ғабро (Тахаллус; ному насаби аслияш Мирзо Абдулкабир), шоири тоҷики асри 19. Дар Дарвоз ба камол расидааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Барои таҳсил ба Бухоро рафта, баъди хатми мадраса чанд муддат дар Қаротегин тўқсабо буд. Бо фармони амир Музаффар ба Чорҷўй  бадарға шудааст. Аз Ғабро девони ашъор иборат аз  1129 байт мерос мондааст, ки зери

Рӯ ба илм. Чор намуд ғабирои Тоҷикистон, 11 намуд дар олам. Оё инро медонистед?

Ғабиро ҷинси гиёҳҳои яксола. Баргаш думчадор; гулаш майда,  якҷинса. Самараш ғўзаи сердила, сеқирра, бо пулакчаҳои сафед пўшида шудааст. Зиёда аз 11 намуд  ғабиро маълум аст.

Дар Африқои Шимолӣ, минтақаи баҳри Миёназамин, Осиёи Марказӣ ва Ҳиндухитой  вомехўрад.  Дар Тоҷикистон 4 намуди ғабиро месабзад.

Ғабирои яҳудӣ  гиёҳи яксола буда, 7–60 см қад

Страницы