Шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Миёнколи Самарқанд, аз ин рў дар баъзе маъхазҳо бо номи Завқии Миёнколӣ низ ёд шудааст. Дар ҷавонӣ дар баробари аз худ кардани улуми роиҷи замон, ба шеър гуфтан пардохт. Ҳамзамононаш ўро соҳиби завқи баланд ва дар гуфтани шеър нексухан тавсиф кардаанд. Дар баробари ҳокими Самарқанд – Қулаҳмадхон ба унвони «маликшшуаро» мушарраф гардидааст. Завқии
Жанрҳои кино, гурўҳи асарҳои кино, ки бо хусусиятҳои шабеҳи сохтори дохилияшон аз ҳам фарқ мекунанд. Жанрҳои кино ба таври комил мушаххас набуда, номи бештари онҳо аз жанрҳои адабӣ ва дигар ҳунарҳои бадеӣ гирифта шудаанд. Мафҳуми «жанри кино» бо зуҳури студияи кинои Ҳолливуд шакл гирифтааст. Замоне, ки студияҳо филмҳои зиёд истеҳсол мекарданд, барои табақабандии онҳо
Ёршотир Эҳсон 3 апрели соли 1920 дар шаҳри Ҳамадон таваллуд ёфтааст. Нависанда ва донишманди эронӣ. Муҳаққиқ ва мутахассиси фарҳангу забонҳои бостонии эронӣ. Профессори донишгоҳи Колумбия. Хатмкардаи факултаи забону адабиёти форси донишгохи Теҳрон (1947). Дар факултаи ҳуқуқ низ тахсил намуда, соли 1948 дараҷаи докториро дарёфт кард. Ёршотир дар Донишгоҳи Теҳрон забон ва адабиёти форсиро дарс медод. Баъдан барои таҳсили илм ба Англия рафта ба шарқшинос – эроншиноси олмонӣ В. Б. Ҳенинг (1908–67) ба таҳқиқи забонҳои бостонии эронӣ пардохт. Ёршотир соли 1950 дар Мактаби пажӯҳишҳои шарқӣ ва африқоии донишгоҳи Лондон, ки онро
Ёҳу, ёғу, кокоӣ, мурғи моҳихўрак, мурғи наврўзӣ (Laris), як ҷинси паранда. Мансуби оилаи ёҳушаклон. Ёҳу парандаи сенантропӣ аст, яъне бештар дар наздикии манзили одамон зиндагӣ мекунад. Ҷуссааш миёна (андозаи умумиашон: 25- 81 см, вазнашон 100 г -2 кг), рангаш бештар сафед ё бўртоб.
Баъзе намудҳои он дар сар ё бол нақши сиёҳ, доранд. Нўлаш зард ё сурхи ҷангалшакл, пойҳояш сиёҳ, сурх ё зарди пардадор. Ёҳу парандаи мавсимӣ
Забони авестоӣ, авастоӣ, яке аз забонҳои эронии қадим, ки мутааллиқ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ аст. Дар Аврупо муҳаққиқон ин забонро забони Занд ё зандӣ мегуфтанд (тарҷумаву тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ - форси миёна бо номи Занд- Авесто маълум буд), азбаски пайдоиш ва интишори зардуштия ба Балх вобаста аст, забони авестоӣ бо номи забони бохтарии бостон низ ёд мешавад. Оид ба мансубияташ ба гурўҳи ғарбии забонҳои эронӣ низ баъзе забоншиносон, авестошиносон баҳс оростаанд, вале тарафдорони шарқӣ будани забони авастоӣ ва далелҳо дар ин бобат бештаранд: ҷуғрофиёе, ки дар Авасто акс ёфтааст, ҳамосаҳои дар Авасто овардашуда аз рўи мазмуну мундариҷа ба Шарқ тааллуқ доранд;
Жанр, жанри бадеӣ (франс, genre инс, навъ), гурўҳбандӣ ва таснифи дохилии ҳамаи намудҳои адабиёт ва санъат аст, ки таърихан сурат гирифтааст. Мафҳуми Жанр чун истилоҳи адабиётшиносӣ дар Фаронса (асри19) ба вуҷуд омода бошад ҳам, ҳудуди он ҳанўз ба таври қатъӣ муаян нашудааст. Баъзе адабиётшиносон эпос, лирика ва драмаро, ки ҷинси адабӣ ҳастанд, жанр