библиографияи миллӣ

Ершов Николай Николаевич. Олиме, ки бо Икромиву Юсуфиву Деҳотӣ ҳамкорӣ дошт.

Ершов Николай Николаевич 30 декабри соли 1904 шаҳри Уралск ба дунё омадааст. Мардумшинос, забоншинос ва тарҷумон; номзади илмҳои  таърих (1958). Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1965). Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ (Тошканд, 1929). Корманди илмӣ, котиби илмии бахши тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ ИҶШС (1938 – 51), котиби Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951 – 65), 

Профессор Мукаррама Қосимова дар минни 87-солагӣ аз олам даргузашт

Устоди Донишгоҳи миллӣ, яке аз муваффақтарин бонуи илми тоҷик, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова имсол ба синни  87-солагӣ аз олам гузашт. Мукаррама Қосимова аз аввали солҳои 50 асри гузашта вориди шоҳроҳи илм шуд ва чун як ғаввоси моҳир шиновари баҳри нопайдоканори илм шуд.

Дюма – писари Александр Дюмаи машҳур, нависанда, драманавис

Дюма Александр (Дюма- писар) 28 июли соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад. Нависанда ва драматурги фаронсавӣ, узви академияи Фаронса (1874). Писари Александр Дюма. Ба адабиёт бо шеърҳояш ворид шуд; маҷмуаи нахустинаш – «Гуноҳҳои бачагӣ» (1845) барояш муваффақият наовард.

Романфелетонҳои таърихии «Тристани сурхмўй» (1849), «Ҳенрих Наваррский» (1850), «Зане бо муҳраи садафӣ» (1854) аз комёбиҳои эҷодии Дюма шумурда мешаванд.

Ҳамчун намоишноманавис Дюмаро песаи «Хонуми чойгулбадаст» (1852), аз рўи романи ҳамноми он (1848, 2 ҷилд)

Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд

Душманӣ чӣ маъно дорад? Чаро одамон ба ҳам душман мешаванд?

Душманӣ (аз форсии миёна ва паҳлавӣ: «дуж» (бад) ва «манӣ» - маниш, андеша – бадманишӣ, бадандешӣ, баддилӣ, бадтозӣ, зишттабъӣ), адоват, падидаи равонӣ  иҷтимоӣ, ки бар асари бархўрди манфиатҳо пайдо  шуда, оқибатҳои ногувори равонӣ, ҷисмонӣ ва моддиву маънавӣ дорад; муносибати манфии бадхоҳонаю тезу тунди байни ду нафар, як ё якчанд гурўҳ, ки ба нафрату бадбинӣ ва расонидани зарар бунёд ёфта, бар асари он як тараф аз тарафи дигар зиён мебинад ва аз пайи интиқомгирӣ мешавад.

Ёде аз се Дӯстӣ: Дӯсти Некӣ, Дӯстии Самарқандӣ, Дӯстии Бадахшӣ

                                            Дўсти Некӣ

Дўсти Некӣ машҳур ба Мулло Дўсти Некӣ, шоири тоҷики асри 16 буд. Зодгоҳи Дўсти Некӣ Ҳисор буда, дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар бораи ин шоир тазкиранигор Мутрибӣ маълумот додаст. Ба қавли Мутрибии Самарқандӣ, ашъори наку, суханони дилҷў, пурмаънӣ ва ширин дошт. Ин байт аз ўст:

                

Александр Дюма – яке машҳуртарин адибони моҷаронавис ва муаллифи беҳтарин романҳои таърихӣ

Адабиёти ҷаҳон ду нависандаи маъруфро бо номи ДЮМА мешиносад. Ва ҳарду ҳам Александранд, ҳарду узви як хонадонанд – падар ва писар. Ҳарду адибони муваффақанд. Аз ин рӯ чун дар бораи Александр Дюма хоҳанд матлабе нависанд, ҳатман дар қавс ишора мекунанд, ки ин кадом Дюма аст: падар ё писар. Ва суҳбати мо аз Александр Дюмаи падар аст.

Александр (Дюма – падар; номи комилаш – маркиз Александр Дюма Дави де Ла Пайетри, 24.7. 1802, Виллер –Котре, музофоти Эн – 5. 12.1870, Пюи, музофоти Сенаи Поин), нависанда, шоир, драманавис ва рўзноманигори фаронсавӣ. Корманди идораи нотариалӣ ва сипас котиби дабирхонаи ҳерсог Орлеан (шоҳи ояндаи Фаронса Луи Филипп) буд.

Страницы