Ба Ёқути Мустаъсимӣ хаттотии беш аз 60 ҷилд китобро нисбат медиҳанд. Ў 61 нусхаи Қуръони китобатнамуда дорад. Баъзе нусхаҳои он дар китобхонаи Честер Бати Дублин маҳфузанд. Инчунин нусхаҳои китобҳои « Сахифату-с-саҷҷодия», «Наҳҷу-л-балоға» ва «Гулистон»- и Саъдиро (1269), ки дар китобхонаи Осорхонаи Гулистони Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, ў китобат кардааст. Ёқути Мустаъсимӣ номи пурааш Ҷамолуддин Абдулмаҷид Ёқут ибни Абдуллоҳи
Ин наққоши маъруфи давраи Эҳё ҳамагӣ 57 сол умр дидааст. Аз фавти бармаҳалаш моро 492 сол ҷудо мекунад. Аммо тӯли ин ҳудудан 500 сол аз даргузашташ ҳам маъруфияташ коста нашудаву аз сол ба соли дигар мунаққидон бештар асарҳои ӯро мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор медиҳанд.
Дюрер Албрехт 21 уми майи соли 1471 дар Нюренберг, Олмон ба дунё омадааст. Вай наққош, ҳаккок ва риёзидони олмонии давраи Эҳё буд. Санъати заргариро дар назди падараш ва санъати тасвириро дар коргоҳи рассом ва ҳаккоки нюренбергӣ Михаел Волгемут (1486–90) омўхтааст. Аввалин асари худро Дюрер дар синни 13 солагӣ (1480 эҷод карда буд. Асарҳои аввалини Дюрер ба санъати
Донишманди маъруфи тоҷик, мунаққид ва адабиётшинос Юсуф Акбарзода имрӯз дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Юсуф Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳа, соли 1956 мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсарро хатм кардааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ шудааст. Солҳои 1963—1964 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1966—1968 муҳаққиқи коромӯзи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони ба номи
Ёдгоров Комил 6 майи соли 1950 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Расссом, наққош. Рассоми халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе (1971) ва Институти давлатии рассомии Маскав ба номи В. И. Суриков (1978). Роҳбари бадеии маҳфили рассомии Хонаи пионерони ноҳияи Масчо (1971-73), муаллими Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов (1979-81), рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон (1981-92), Котиби ИР Тоҷикистон
Емшитеппа, харобаҳои шаҳри қадимаи аҳди Кушониён дар 4 километрии шимолу шарқии Шибирғони Афғонистон мебошад, ки тавассути Экспедитсияи муштараки Шўравию Афғонистон таҳқиқ шудааст (1969–70). Емшитеппа аз дигар шаҳрҳои аҳди Кушониён бо тарҳи мудаввар (қутраш 560 м) фарқ карда, масоҳаташ 18 га буд. Харобаҳои Емшитеппа дар шакли теппаҳои ҷудогона боқӣ монда, дар натиҷаи ҳафриёти сетои онҳо панҷ давраи бунёду азнавсозии шаҳр муайян гардид
Дяков Алексей Михайлович 17 феврали соли 1896 дар губернияи Твер таваллуд шудааст. Ходими давлатӣ, муаррих, шарқшиноси рус, доктори илмҳои таърих (1948), профессор (1952), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Шўравии Русия (1967). Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи дуввуми Маскав (1921) ва Институти профессорони сурх.
Сардухтури дастаи марзбонони Русия дар Помир (1921-23); Комиссари халқии нигоҳдории тандурустии ҶМШСТ, баъдан ҶШС Тоҷикистон (1924-32) ва ҳамзамон мудири шуъбаи Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист дар