Доробнома яке аз калонтарин достонҳо дар адабиёти омиёнаи форс-тоҷик. Гузориш ва таълифи Муҳаммад ибни шайх Аҳмад ибни мавлоно Алӣ ибни Ҳоҷӣ Муҳаммад, машҳур ба Беғамӣ. Аз ҷараёни зиндагиву фаъолияти ин достонсаро маълумоте нест. Доробномаро соли 1483 Маҳмуди Дафтархон ном котибе таҳрир кардааст.
Достони Беғамӣ аз «Доробнома»-и Тарсусӣ навтар аст ва шояд асрҳои 14-15 пайдо шуда бошад. Ҳатто
Доробнома яке аз куҳантарин достонҳои омиёнаи форс-тоҷик. «Доробнома»-ро ба Абутоҳири Тарсусӣ нисбат медиҳанд. Аз рўи маъхазҳо Абутоҳири Тарсусӣ дар асри 11 зистааст ва достонҳои ў низ ба он замон тааллуқ доранд. Достонҳое чун «Абумуслимнома», «Искандарнома», «Қаҳрамоннома», «Мусайибнома» ва чанд достони дигар низ ба ў нисбат дода мешаванд.
Рўзгори зиндагии Абутоҳири Тарсусӣ ва пайдоиши «Доробнома» дуруст маълум нест. Дар нусхаҳои дастнависи ривояти туркии «Абумуслимнома» гуфта мешавад, ки Абутоҳири Тарсусӣ ин достонро дар ҳузури
Добролюбов Николай Александрович 5 феврали соли 1836 дар Нижний Новгород ба дунё омадааст, мунаққиди адабиёт ва публитсисти рус. Аз хонаводаи рўҳонӣ. Солҳои 1848-53 дар мактаби динии Нижний Новгород ва солҳои 1853-57 дар факултаи таъриху филологияи Институти омўзгории Петербург таҳсил кардааст. Дар даврони донишҷўӣ сарвари маҳфили ҳаракати сиёсии «Фронда»-и донишҷўён; дар марги шоҳ Николай 1 бо памфлети шадидуллаҳн, зидди ҳукумати подшоҳӣ вокуниш
«Дорулҳикма», «Дорулилм», донишгоҳи хилофати Фотимиён (909–1171) дар Миср, ки соли 1004 имом - халифаи Фотимиён ал- Ҳоким Биамриллоҳ (996–1021) таъсис додаст. Асоси маркази илмӣ ва донишгоҳро масҷиде ташкил медод, ки андаке пештар Ҷавҳар - сарлашкари халифаи исмоилиёни Миср Имом ал - Муизз ҳамзамон бо бунёди шаҳри Қоҳира нуҳуми рамазони соли 972 сохта буд. Бинобар пайравӣ аз беҳтарин суннатҳои омўзишии дину тамаддуни ислом дар «Дорулҳикма» ва захираи бузурги китобу
Докторант, шахсе, ки дараҷаи илмии номзадҳои илм дошта, барои дарёфти дараҷаи доктори илм дар докторантураи ягон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳсил мекунад. Номзади илме докторантура шуда метавонад, ки асарҳо ва дастовардҳои илмӣ дошта, дорои қобилияти баланди таҳқиқотӣ, ҷустуҷў ва амалигардонии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бошад. Барои докторант шудан довталаб ба роҳбари муассисае,
Доғҳои офтоб қисматҳои нисбатан сарди фотосфера (сатҳи Офтоб), ки чун доғи торик мушоҳида мегарданд. Доғҳо дар натиҷаи ба сатҳи Офтоб баромадани ғалаёни пурзўри майдони магнитии минтақаҳои муайяни он (то якчанд ҳазор гаусс) ба вуҷуд меояд. Дар ибтидои хатҳои қувваги майдони магнитӣ қабати фотосфераро ба самти тоҷ рахна карда, ҳаракати конвективии плазамаро дар ғурушаҳо қатъ мегардонад. Дар инҷо аввал машъал, баъд сурохҳо ҳосил мешавад, ки