Абдуқодир Маниёзов агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Ҳайфову дареғо, ки 12 сол пеш олами моро тарк кард. Абдуқодир Маниёзов 10 августи соли 1930 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон солҳои таҳсил гўяндаи шўъбаи хориҷии радиои тоҷик будааст.
Баъди хатми аспирантура (1956) ходими илмӣ,
Догма аз калимаи юнонӣ гирифта шуда маънояш – андеша, қарор, аҳком, муқаррарот мебошад. Догма – догмат, таълимот ё нуктаҳои алоҳидаи он, ки ҳамчун ҳақиқати бидуни исбот, бе ҳеҷ асоси таҷрибавӣ ва санҷиши амалӣ, танҳо дар асоси эътиқоти динӣ ё итоати ноогоҳона ба шахсият пазируфта мешаванд. Догмаҳо аз ҷониби пайравони он новобаста ба воқеияти мушаххас, шароити макон ва замон қоиму устувор дониста мешаванд. Бунёди ҳама гуна динро аҳкоме ташкил медиҳанд, ки
Довудиён, Бойинҷўриён, сулолаи маҳаллии ҳукмрон дар Хуталон ва Балх (асрҳои 9–10). Дар маъхазҳои таърихӣ аз асосгузорони сулолаи Довудиён бо номи Бек ва Бойинҷур ёд мешавад, ки аввалӣ галаҳои зиёди асп дошт. Қароргоҳи Бек ва ворисонаш – Асаду Ҳорис дар Рустои Бек (ҳоло шаҳри Рустоқи Афғонистон) буд. Дар аҳди ҳукумати Бек ҳудуди Хуталон аз Дилӣ то Рустои Беку гузаргоҳи Бадахшон тўл мекашид. Доираи мулкҳои Бойинҷур аз Нуҷоро то водии Вахш ва Андигону Вашгирдро дар бар
Довудӣ (Dendranthema; аз юнони Dendron - дарахт ва anthemus- гул), ҷинси гулҳои маъруф. Тибқи таснифоти биологӣ мансуб ба оилаи мураккабгулҳост. Довудӣ бўи хосса дорад. Пояаш рост, сершоха, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш сабзи сиёҳтоб, чокҳои амиқ дорад (баъзан бечок аст). Гулаш забоншакли зард, сафед, гулобӣ; гултўдааш (дар як поя то 20 адад) сабадак буда, дар нўги шохчаҳо ҷойгир аст. Довудӣ рустании рўшноидўст буда, аз қаламча афзоиш меёбад. Вобаста ба муҳити
Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1991 факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М.С. Шерлинро хатм кардааст. Актрисаи театру кино. Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи намоишҳои давоми беш ва аз ду даҳсола дар Театри номрафта рўи саҳна гузошта нақши худро калон
Доплер Кристиан 29 ноябри соли 1803 дар Залсбурги Австрия ба дунё омадааст. Физик ва астрономии австриягӣ. Узви АИ Вена соли (1848). Хатмкардаи донишкадаҳои Залсбург ва Вена соли (1825). Аз соли 1847 профессори Академияҳои кўҳкор ва ҷангали Хемнитса, аз соли 1850 профессори Университети политехникӣ дар Вена ва директори нахустин дар ҷаҳон Институти физикаи назди Университети Вена, ки бо ташаббуси ў ташкил шуда буд.
Доплер доир ба соҳаи оптика (аберратсияи рўшноӣ, назарияи мироскоп, назарияи рангҳо) ва акустика таҳқиқот анҷом додааст.