библиографияи миллӣ

Дур(р), яъне чӣ?

Дур(р) (арабӣ - марворид, марвориди калон), дар адаби форсӣ яке аз сувар (образҳо)- и шеър аст, ки дар таркибҳои гуногун ба маънои аслию маҷозӣ ва ҳамчун киноя дар назму наср ба кор бурда мешавад. Дур(р)  дар қаъри баҳр, дар садаф ба вуҷуд меояд.  Ғаввосоне ҳастанд, ки аз  қаъри баҳр маҳз ба чидани садаф машғуланд ва баъзан мавҷи дарё садафро ба соҳил мебарорад:

Луи Дюбуа – мутарҷими фаронсавии “Таърихи Табарӣ”

Дюбуа  (Dubeux)  Луи 2 ноябри соли 1798 дар Лиссабон ба дунё омадааст. Эроншиноси фаронсавӣ, Падараш то соли 1808 дар консулгарии Фаронса дар Португалия кор мекард ва ҳамин сол ба Порис баргашт. Фаъолияти ҳирфаии Дюбуа аз китобфурўшӣ дар корхонаи ношири машҳури Порис де Буре оғоз ёфтааст. Баъдан соли 1816 корманди (ёвари нигоҳдори нусхаҳои хаттӣ) Китобхонаи миллӣ (салтанатӣ)-и Порис шуд. Дар ин

Дю Рие –тарҷумони “Гулистон”-и Саъдӣ дар Фаронса

Дю Рие (Andre Du Ryer) Андрэ соли 1580 дар Марсини ба дунё омадааст. Дипломат, тарҷумон ва шарқшиноси фаронсавӣ. Дю Рие дар асри 17 адабиёти форсиро дар Ғарб муаррифӣ кардааст. Ў дар ибтидо консули давлати Фаронса дар Мисри таҳти империяи Усмонӣ буд (то соли 1632) ва маҳз дар ин мақом тавонист забонҳои арабию туркиро ба хубӣ аз худ кунад. Дю  Рие дар ёдоштҳояш оид ба сафарҳои бисёри худ аз тариқи дарёву хушкӣ

 

Доиратулмаорифи форсӣ

«Доиратулмаорифи форсӣ» яке аз нахустин ва ҷомеъатарин  донишномаҳои  умумӣ ба забони форсӣ. Дар ду ҷилди иборат аз се китоб, бо иштироки гурўҳе аз муаллифон ва веросторон дар Эрон бо равиши донишноманигории  муосир тадвин  гардидааст.

Соли  1955 муассисаи интишоротии Франклин, воқеъ дар Теҳрон, тасмим гирифт, ки «Доиратулмаорифи форсӣ» -и як ҷилдаи Колумбия Войкинг (чопи Ню-Йорк) - ро таҳия  ва тарҷума намояд, вале  тарҷумаи комили он ҷавобгўи ниёзҳои ҷомеаи эронӣ ва форсизабонон дониста  нашуда, ба он беш аз 10000 мақолаи тоза дар бораи  ҷанбаҳои  мухталифи таъриху фарҳанги Эрон ва ислом илова гардид. Хамчунин баъзе мақолаҳои «Донишномаи  ислом» аз  забони  англисӣ  айнан тарҷума  гардида, дар он ҷой

МУАРРИФӢ: Дюбуа – сияҳпӯсте ҷоизадори ленинӣ

Дюбуа (Du Bois)  Уилям Эдуард Бёркҳардт  23 феврали соли 1868 дар Массачусетс  ба дунё омадааст, муаррих ва ҷомеашиноси амрикоӣ, нависандаи африқоию амрикоӣ, яке аз поягузорони адабиёти зангиёни Амрико ва аз мухолифони табъизи нажодӣ дар ИМА. Доктори илмҳои фалсафа (1895). Солҳои 1897–1910 профессори иқтисод ва таърих, декани факултаи сотсиологияи университети Атланта (1933-44), доктори фахрии илмҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа ва адабиёти университетҳои бисёр кишварҳо, 1910–1948 яке аз роҳбарони Анҷумани миллӣ барои пешрафти мурдуми рангинпўст буд.

Ташаббускору ширкаткунандаи конгрессҳои байналмилалии кишварҳои Африқо (1919, 1921, 1923, 1927, 1945). Муаллифи чандин таълифи бунёдӣ оид ба нақши мардумони африқоӣ дар 

Дуччо ди Буонинсеня - наққоши аҳди Сиена, ки охири асри 13 ва аввали асри 14 зистааст

Дуччо ди Буонинсеня (Duccio di Buoninsegna), тақрибан соли 1255-60 ба дунё омадааст. Рассоми италиявӣ, асосгузори мактаби рассомии сиенӣ. Нозукиҳои санъати рассомиро дар назди рассоми машҳури замонаш Чимабуэ (1240-1303) омўхтааст. Моҳияти аслии санъати рассомии Дуччо дар навсозии тарзу усули офариниши асар ва баромадан аз ҳудуди анъанавии мактаби рассомии византиягӣ, ки он замон дар сабки рассомони Сиена афзалияту бартарӣ дошт, таҷассум гардидааст.

Страницы