библиографияи миллӣ

Ёде аз Нисор Шакармамадов - яке аз маъруфтарин фолклоршиносони кишвар

Нисор Шакармамадов соли 1960 баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси корманди хурди илмӣ фаъолияташро таҳти роҳбарии профессор Раҷаб Амонов дар шуъбаи фолклори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии шаҳри Душанбе оғоз карда, сипас баъди таъсиси шуъбаи помиршиносии Академии Улуми Тоҷикистон дар Вилояти худмухтори Бадахшони куҳистонӣ ба 

Ёде аз устод Мусаллим Баҳриддинов – тағои радио

Соли 1990 бахшида ба 60-солагии таъсиси радиои тоҷик китобе бо номи “Ошёни булбулон” таҳия шуд. Ба ман вазифа доданд, ки дар бораи устод Мусаллим Баҳриддинов-мудири шуъбаи кишоварзии радио нависам. Ман, ки муддати 5 сол бо устод ҳамкор будаму худро шогирдашон медонистам, ин вазифаро ба ҷон қабул кардам ва як лавҳа навиштам, ки чоп шуд. Солҳо гузаштанд. Устод Мусаллим Баҳриддинов дигар миёни мо нестанд. Соли 2013 дар синни 83-солагӣ тарки олам карданд. Ва агар умр вафо мекард, имсол 90-сола мешуданд. Ёдашон ба хайр!

Занам, бигзор, бошам зан ҳамеша...

15 июни соли равон шоираи маъруф Зулфия Атоӣ зодрӯз дорад. Зулфия Атоӣ аз ҷумлаи адибонест, ки даҳсолаҳост бо шеъри нобаш қалби хонандагонашро тасхир кардааст. Аммо роҳи расидан ба ин шуҳрат барояш осону сода набудааст.

 ЗУЛФИЯ АТОӢ (Атоуллоева Зулфия) 15-июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон

Ҷумъа Қувват

 Ҷумъа Қувват шоирест, ки умре дар музофот зистааст. Шеъру достонҳояш ҳама илҳом аз чашмаҳои мусаффои диёраш, кӯҳҳои сар ба афлоки зодгоҳаш. Ва ҳамин покии чашмаву васфу тараннуми гулу раёҳини диёр шеъри ӯро бештар мусаффотар кардаву ба дилҳон нишондааст. Шоири маҳбуб ҳоло ба синни мубораки 70 қадам гузошт ва матлаби зер аз ҳаёти ӯст. Ҷумъа Қувват шоир ва журналист 13 июни соли 1950 дар ноҳияи Нуробод таваллуд  шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, аз соли 1971 дар корҳои рўзноманигорист.

Баъди 80 сол...

 Ислом Саломов аҳ ҷумлаи коргардонҳои чирадасте буд, ки бо ҳунари воло ва маҳорати беҳамто як бахши фарҳанги кишвар дар калонтарин вилояти онро шукуҳу шаҳомати хос мебахшид. Аз мавлудаш 81 сол гузашт ва ду сол аст аз ҷамъи мо рахти сафар барбастааст. Аммо ному ёдаш ҷовидонӣ дар умқи синаи посдорони фарҳанг боқист. Ислом Саломов коргардон ва ҳунарманди 10 июни соли 1939 дар  деҳаи Камодони ноҳияи Мастчоҳ  таваллуд 

 

Марям Давлатова – шоир, журналист, равоншинос...

Кам донишмандоне дорем, ки масоили равониву гендериро бо забони содаву фаҳмо ва равону мантиқӣ шарҳ диҳанд. Марям Давлатоваро шояд бисёриҳо дар оинаи нилгун мебинанд, чун дар аксари шабакаҳои телевизионии кишвар бо барномаҳои ҷолибу дидани ҳузур меёбад ва дар атрофи масоили равонӣ, мушкилоти оиладорӣ, розҳои хушбахтӣ ва ғайра баҳс мекунад. Ӯ журналист аст, таҳлилгар аст, равоншинос аст, шоир аст...

Страницы