Донишманди хуби Шашмақом ва сарояндаи мумтози таронаҳои классикӣ Абубакр Зубайдов бар асари бемории короновирус тарки олам кард. Абубакр Зубайдов 62 сол дошт ва яке аз донишмандони варзида дар илми Шашмақом ва Фалак маҳсуб мешуд. Таърихи мусиқии муосири тоҷик хеле кам касонро суроғ дорад, ки мисли Абўбакр Зубайдов дар санъати мусиқӣ назарияро бо амалия омезиш дода бошанд. Мавсуф на танҳо сарояндаи мумтози “Шашмақом” буд, балки аз пажӯҳишгарони шинохтаи санъати мусиқии классикии тоҷик низ маҳсуб меёфт. Вай дар илми
Қиёмиддин Чақалов аз ҳунармандони варзидаи аҳли Файзобод аст. Бештар ҳаҷвнигорӣ мекунад. Нақшҳои мондагори ғайриҳаҷвӣ ҳам дорад, вале ӯро бештар чун ҳаҷвнигор мешиносанд. Ҳаҷваш ҳам баргирифта аз зиндагист ва худаш иқрор аст, ки ҳаҷваш ҷанбаи тарбиёвӣ дорад. Шеър ҳам менависад, сарояндагӣ ҳам мекунад, аммо дар басмҳои хусусӣ.
Чақалов Қиёмиддин 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Дар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас», «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмонхона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро танҳо магузор», «Ишқ ва шамшер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт.
Миралибеков Баҳодур 21 апрели соли 1950 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст.
«Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон»-у «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум монда буд».
Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Сталина Азаматова-устоди балети тоҷик аз олам даргузашт. Моҳи январи соли ҷорӣ мо матлаби зерро бахшида ба 80-солагии ҳунарманди маъруф интишор дода будем. Ҳоло онро бознашр мекунем.
*** *** ***
Эҷодиёти Сталина Азаматова серпаҳлу ва гуногунранг аст. Бештар мавзўъҳои олами рангини кўдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, истеҳзои хасисию
Ҳафтод сол пеш Дӯстмурод Алиев ба дунё омад ва сивуяк сол пеш ҷамъи моро тарк гуфт. Умри дароз надид, ҳамагӣ 39 сол зист. Вале дар ҳамин умри кутоҳ осори ҳунарие аз худ боқӣ гузошт, ки то миллат ҳаст, аз хотираш зудуда намешавад. Ӯ дар самои ҳунари овозхонии тоҷик чун ситора яке бидурахшиду зуд нопадид гардид. Мувофиқи талаби мусиқию суруд аз садопардаҳояш лаҳни форам меҷусту дармеёфт. Саргарми шўҳрати барвақтӣ нашуд, самимӣ месароид ва овози ширадораш дилҳоро тасхир мекард, чунин овозу чунин истеъдод кам ба вуҷуд меояд.