библиографияи миллӣ

80 соли Нозирҷон Арабзода – пажӯҳишгари мумтози осори фалсафии Саъдӣ, Розӣ, Носири Хусрав

Агар умр вафо мекард, Нозирҷон Арабзода – ин файласуфи шинохтаву пажӯҳишгари донишманди осори фалсафии адибони классики форсу тоҷик ба синни мубораки 80 қадам мегузошт. Устод Арабзода аз ҷумлаи касонест, ки тӯли солҳои дароз фаъолият дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар садҳо шогирдонро дарси фалсафаву ҳикмат додаву даҳҳо нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмӣ навиштаанд.

Фишурдаи зиндагинома

Нозир Арабзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор. 20

Сайидумар Султонов: олим ва пажӯҳишгари равшанзамир. Дар бораи ӯ чӣ медонем?

Сайидумар Султонов дар деҳаи  Қалъачаи Калони ноҳияи Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Вай соли 1947 мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Нилўи ноҳияи Ҳисорро хатм намуда соли 1952 омўзишгоҳи шаҳри Ўротеппаро ба итмом расонидааст. Ҳамзамон солҳои 1948-1952 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби зодгоҳаш буд. Сайидумар Султонов соли 1952 ба факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В. И.

​Зайдон Ҷурҷӣ. Насрнависи муваффақи араб, ки ба Волтер ва Александр Дюма пайравӣ мекард

Зайдон Ҷурҷӣ 14 декабри соли 1861 дар Бейрут ба дунё омадааст. Нависанда, рўзноманигор ва муаррихи масеҳии мисрӣ. Яке аз нахустин мутафаккиронест, ки ба назарияи миллигароии арабӣ мусоидат кардааст. Дар хонаводаи тоҷири хурди насронӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1881- 1882 дар коллеҷи пизишкии Бейрут таҳсил намуд. Солҳои 1880 ба Миср мухоҷират карда, моҳномаи «ал- Ҳилол»-ро таъсис дод ва аз пешоҳангони романи таърихӣ дар адабиёти нави арабӣ гардид.

Соли 1885 нахустин китоби вай бо унвони «ал- Алфозу- л- арабия ва л- фалсафату- л- ғувийя» дар Бейрут мунташир шуд ва ба ин муносибат ў узви Анҷумани салтанатии осиёӣ гардид. Дар ҳамон сол ба Лондон сафар кард ва бо осори шарқшиносон

Рӯ ба илм. Зағоза – рустании дорувор

Зағоза (Ephedra equisetum), зағоса, бандак, бирешимхома, буғумбутта, вандак, тапа, буттаест сершоху навда. То 1,5 – 3 м (баъзан 8 м) қад мекашад; ғафсии пояаш то 20 см. Зағоза рустании дуҷинса буда, дар як буттаи он фақат хўшачаҳои нарина, дар буттаҳои дигар танҳо хўшачаҳои модина месабзанд.

Баргаш пулакчамонанд, бехлорофилл (вазифаи ассимилятсияро шохчаҳои сабз иҷро мекунанд). Гулаш майда, беранг, моҳҳои май - июн мешукуфад.

Карл Залеман мутахассиси забони форсии миёна

​Залеман  Карл Германович 28 декабри соли 1849 (9 январи соли 1950) дар Ревел, ҳозира Таллин, Эстония ба дунё омада ва  30.11.1916 (13 декабр) дар Петербург аз олам гузаштааст. Ховаршиноси рус, «яке аз барҷастатарин эроншиносони Аврупо» (В.В. Бартолд), академики АИ Петербург (1895), проффесори Донишгоҳи Петербург, директори Музейи Осиё (1890), директори  шуъбаи дуюми китобхонаи  Академия (1890).

Мактаби миёнаро дар шаҳри Равел хатм намудааст. Солҳои  (1867 – 71)  донишҷўи гурўҳи забонҳои арабӣ-туркӣ-тотории факултаи забонҳои шарқи донишгоҳи Петербург буд.

Рӯ ба илм: Дозиметр

Дозиметр, абзор барои андозагирии афканишоти ионзо ё  бузургиҳои ба онҳо вобаста. Қисми асосии дозиметро детектори  зарраҳо ё  ҷиҳози  андозагир ташкил  медиҳад, ки ҷадвал (шкала)-и он дар воҳидҳои  меъёр (доза)-ҳои фурўбурда ё эквивалент дараҷабандӣ шудааст. Аз рўи  намуди детектор дозиметри иониш (бо камераи иониш, ҳисобгираки Гейгеру Мюллер) люминессентӣ (синтиллятсионӣ, ҳароратӣ ва фотолюминессентӣ) нимноқилӣ, аксбардорӣ (амале, ки ба сиёҳшавии

Страницы