библиографияи миллӣ

Ғамгин, Ғамгини Бадахшӣ, Ғамгини Ҳисорӣ

Ғамгин Мир Абдулмаҷидхони Ҳиравӣ, шоири тоҷики асри 13.  Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш – Ҳирот гирифтааст. То лаҳзаҳои охири ҳаёташ толибилм буд. Ашъораш тасаввуфӣ ва ошиқона мебошад. Соҳибдевон аст.

Ин ғазал аз ўст:

Мард бояд, ки кунад саъй ба ғамхори дил,

​Рӯ ба илм. Ошноӣ бо ғазол. Оё он дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад?

Ғазол, ғизол, ҷирон, оҳу ҳайвони ваҳшии ҷуфтсум. Дарозии танаш 93-116 см, баландиаш (то сари дўш) 60-75 см, вазнаш 18-33 кг; модинааш нисбатан хурдтар аст. Ғазоли нарина шохи сиёҳи ҳалқа-ҳалқа (дарозиаш 30 см) дорад. Ғазоли модина бешох аст. Тахтапушт ва паҳлуҳояш зарди хокистарранг, гардан, шикам ва пойҳояш сафед, нўги думаш сиёҳ; рангаш дар фасли сармо равшантар мешавад.

Оҳубарраҳо дар байни «абру» ду холи ҷигарӣ ва аз

Ғазолии Балхӣ ва Ғазолии Марвазӣ

Амир Ислом, шоир ва табиби форс-тоҷики асри 16 мебошад. Аз авлоди Муҳаммади Ғаззолӣ. Дар Балх улуми мутадовилаи даврро омўхтааст. Аз илмҳои тиб ва ҳикмат огоҳии комил дошт. Назди бузургони давр, ҳокимони кишвар соҳиби обрўву эътибор буд.

Дар васфи яке аз ҳукмронон – Мирзо

Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ, Ғарибии Астарободӣ, Ғарибии Кошонӣ, Ғарбии Хуросонӣ, Ғарибии Ҳиравӣ

Дар ин бахш аз мақолаи худ аз панҷ шоиру донишманде бо тахаллус ё насаби Ғарибӣ ёд мекунем. Аввал Шайх Насриддин Аҳмад Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ, шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 18), ки дар замони Шоҳ Олами II (1759-1806) зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Тибқи маълумоти муаллифи тазкираи «Маҷмўаи нағз» Қудратуллоҳ Қосим гузаштагонаш аз аҳли Кашмир будаанд ва Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ марди «қобилу қобилдўст, бо илму ҳаё, ҳовии ақлу киёсат, некхў, кушодарў, хушақида, покмазҳаб, некрўя, суфимашраб» буд. Ба забони форсӣ ва баъзан ба урду шеър мегуфт. Девонашро соли 1769 худаш мураттаб намудааст,  ки фарогири ғазал, тарҷеъбанд,

Рӯ ба илм. Ғалсама чиро гӯянд?

Ғалсама узви нафаскашии баъзе ҳайвоноти обӣ. Ғалсама девораҳои тунук дорад. Аз хун ё моеъе, ки дар девораҳои ғалсама давр мезананд, гази карбонат (СО) ба об хориҷ ва оксиген (О2) ҷабида мешаванд. Ғалсама дар ҷараёни таҳаввулот бори аввал дар ҳалқакирмҳо пайдо шуда, шакли навори ҳамвор, шонамонанд ё дупарра, инчунин торҳои муқаррарӣ ё шохамонанд дошт. Он дар узвҳои изофии паҳлуии ҳаракат (дар намудҳое, ки озод

Ғазолии Машҳадӣ кӣ буд?

Ғазолии Машҳадӣ, Машҳад 1574, Сарпечи Аҳмадободи Гуҷарот), шоири форсизабони Ҳинд. Аз нахустин маликушшуароҳои дарбори Темуриёни Ҳинд (асри 16). Илмҳои гуногуни замонашро дар зодгоҳаш фаро гирифта, баъдан ба Қазвин сафар кард.  Дар урудгоҳи Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ ба хидмат даромада,  маснавии “Нақши бадеъ”-ро (иборат аз ҳазор байт) ба Шоҳ Таҳмосии Сафавӣ бахшид ва дар баробари ҳар байт як сиккаи зар сила гирифт.

Аз сабаби таъқиботи  динӣ ба Ҳиндустон фирор намуда, чанде дар Дакан зиндагӣ кардааст. Баъдан ба даъвати Хонзамон Алиқулихони шайбонӣ ба Ҷонпур рафта, аз

Страницы