Ҳунарманди шинохта Мавлуда Обидова аз олам даргузашт

Дирӯз, 1-уми сентябр қалби яке аз маъруфтарин ҳунармандони кишвар Мавлуда Обидова аз задан бозмонд. Наздиконаш гуфтанд, ки ҳунарманди варзида бар асари сактаи қалбӣ аз олам гузашт. Як моҳу се рӯз пас 72-солаи пур мешуд. Мавлуда Обидова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки бо офаридани образҳои нотакрор дар саҳнаи театру кино нақши муҳим дорад ва яке аз чеҳраҳои дурахшони санъати тоҷик ба шумор меравад. Ёдаш ба хайр ва хонаи охираташ ободу нуронӣ бод.

Мавлуда Обидова  3 октябри 1948 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон буд.   Соли 1971 Институти давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и шаҳри Москваро хатм намудааст. Аз соли 1971 ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд.

Нақши аввалинаш дар саҳнаи театри мазкур Сарвиноз дар «Хазони сари роҳ»-и Ф. Ғуломова буд. Маҳорати баланди ў дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ва лирикию драмавӣ ифода ёфтааст. Нақшҳои мондагораш: Ио («Ҳалокати умеди Гейерманс); «Дилшод» («Дилшод -и А. Сидқӣ); Модар («Модар»-и Қ. Чапек); Леонара («Илоҷи беилоҷӣ ҳаст»-и Калдерон), Беатриҷе («Якпула савдо, садпула ғавғо»-и У. Шекспир); Нилуфар («Умед»-и Ш. Солеҳов); Юля («Хостгорӣ»-и Попович) ва ғайра мебошад.

Мавлуда Обидова солҳои охир дар театри драмавии ба номи Лоҳутӣ нақшофаринӣ мекард. Дар спектаклу намоишҳои телевизионӣва дубляжи филмҳо иштироки фаъолона дошт.

Дар бораи Мавлуда Обидова дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:

Ҳомидов, Қ.  Ҷозибаи ҳунар: Актрисаи ҷавони Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов Мавлуда Обидова // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 6 декабр.

Салимов, О. Ибтидои роҳ: Аз фаъолияти эҷодии актрисаи Театри ҷавонон Мавлуда Обидова // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 2 феврал.

Обидова, М. Обу ҳавои ҳунарманд театру саҳна аст: Мусоҳибаи Н. Низомӣ бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мавлуда Обидова // Чархи гардун. – 1998. – октябр.

Қуддус, Ҷ., Қодиров, Ҷ. Он зан, ки роҳ ба водии дилҳо гирифтааст: Дар бораи Ҳунарпешаи Театри ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова // Ҷумҳурият. – 1998. – 29 октябр.

Собир, Қ. Ҳунар дард аст...: Ҳунарпешаи Театри ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 5 август.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова, Ҳусния Назарова

кормандонии  шуъбаи библиографияи миллӣ.