библиографияи миллӣ

«Маликаи ҷиноят» ё шаҳбонуи қаламрави адаби ҷаҳон (Беш аз чаҳор милёрд ҷилд китоб аз ӯ нашр шуда)

 Ин бону аз маъруфтарин муаллифони насри ҷиноию моҷароӣ (дедективӣ) дар тамоми давронҳо эътироф шудааст ва аз нависандагонест, ки бо теъдоди нашри пуршумори осораш то ин дам дар ҷаҳон назир надорад. Ӯро беш аз шаст румони ҷиноӣ, шаш румони психологӣ (бо тахаллуси Мэри Вистмакотт) ва нуздаҳ маҷмуаи ҳикояҳо ба чоп расидааст. Ин низ аз нодиррухдодҳост, ки шонздаҳ пиесаи ӯ дар Ландан ба саҳна гузошта шудааст. Осорашро бо садҳо забони дунёву бо милёрдҳо нусха баргадон ва ба зевари чоп кашидаанд.

 Ӯ КРИ́СТИ (Christie) ОГОТО аст, нависандаи инглис, 15 сентябри 1890 ба дунё омада ва 12 январи 1976 аз дунё

 

Маликаи ҳафтодупанҷсола

 Малика Ҷӯрабекова ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Ҳам ҳунарманд аст ва ҳам устоди ҳунармандон. Муассиси аввалин театри анъанаҳои миллӣ бо номи “Гаҳвора”. Ва дар суҳбате гуфта буд: “Тифли ормонҳоям дар гавҳора калон хоҳад шуд”.

ҶЎРАБЕКОВА Малика Ҳалимбековна 11 январи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Санъат­­­­ши­­нос, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991). 

Камонвари соҳибмактаби тоҷик

 Устураи варзиши тоҷик Зибинисо Рустамова ба синни мубораки 65 даромад. Зебинисо Рустамова аз чеҳраҳои маъруфи варзиши кишвар ва ҷаҳон буду ҳаст. Ҳеч бонуи варзишкори тоҷик ба ҳадди Зибинисо ба зинаҳои шуҳрати варзиш нарасидаву ба ҳадди вай ҷоизаву унвон нагирифта. Илова ба ин Зебинисо Рустмова аз маҳорати хуби роҳбарӣ бархӯрдор аст ва солҳо дар корҳои сарварӣ ҳам будаву дар рушди варзиши кишвар саҳм гузоштааст.

 Рустамова Зебинисо Сангиновна соли 1955 дар 

Хайрулло Раҳимов – олими маъруфи педагогика

 Хайрулло Раҳимов  5 январи  соли 1925 дар деҳаи Кибили шаҳри  Норак таваллуд ёфтааст. Педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1970), профессор (2004). Солҳои 1942–1948 муаллими ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Галаосёи вилояти Бухоро буд. Донишкадаи омўзгории шаҳри Бухороро хатм кардааст.

 Солҳои 1962–1974 ҳамчун муаллим, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе  ба номи Т.Г. Шевченко, 1974–1976 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи 

Ҳунарманде, ки умре дар саҳна буд (ВИДЕО)

 Таваллуд ва марги ҳунарманди маъруф Борис Наматиев моҳи январ будааст. 10-уми январи соли 1930 дар шаҳри Киркии Туркманистон дида ба олам кушодааст ва 19 январи соли 2016 дар  синни 86-солагӣ дар Байтулмуқаддас тарки олам кардааст. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳунари тоҷик буд, ки ҳатто баъди кӯч бастан ба Исроил ансамбли тоҷикӣ бо номи “Бухоро” таъсис додаву муваффақ шудааст. Дар бойгонии радио ва телевизиони тоҷик таронаҳои зиёде аз ӯ маҳфузанд, ки чун фонди тиллоӣ нигаҳдорӣ мешаванд. 

 

Ёде аз Муқаддас Набиева дар 70-умин солгарди умраш

  Муқаддас Набиева – овозхони маъруф ва яке аз маҳбубтарин ҳунармандони кишвар аз солҳои 70-и асри гузашта то ба имрӯз аст. Шояд ҳеч сарояндаи эстрада дар Тоҷикистон маҳбубияти ӯро надошта бошад. Хеле ҷавон рафт ва риштаи ҳаёташ фоҷеавӣ канда шуд. Аз рӯзи маргаш, ки инак 41 сол мегузарад, ҳамоно реҳлати фоҷеабораш муаммост. То кунун даҳҳо мақолаҳо навишта шудаанд, таҳқиқотҳои журналистӣ анҷом шудаанд, вале ба суоли аслии сабаби фоҷеа ҷавоби қотеъ дода нашуд. Зарфи ин ду-се соли охир ҳатто аз муаммоҳои ҳаёти шахсии ӯ, ишқи ӯ, маҳорати ҳунариву   касбиаш даҳҳо

Страницы