библиографияи миллӣ

Худоё, беватан мемирам охир...

​  Искандари Хатлонӣ-шоири озодаи тоҷик нуздаҳ сол аст, ки миёни мо нест. Аммо дар ин 19 сол заррае аз маъруфияти вай кам нашуд, балки ҳамасола афзуд. Дар остонаи зодрӯзаш шоҳид будем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пурбаҳстарин мавзуъ шинохти Искандари Хатлонӣ буд. Шоир, журналист ва адиби тоҷик дар синне, ки мебоист танҳо эҷод мекарду ҳаводорони назмро бо беҳтарин шеърҳо шод мекард, аз дасти қотилоне кушта шуд, ки  то кунун ношинохта нашудаанд. Ёдаш ба хайр!

  Искандари Хатлонӣ 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кўлоб зода шудааст. Дар Омўзишгоҳи сохтмони Душанбе, Институти адабиёти

Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба корманди  Шуъбаи библиографияи миллӣ Парвина Қаюмова  ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми хоҳараш

ЗАРИНА ҚАЮМОВА

изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

 

Ёде аз аввалин бонувоне, ки дар Осиёи Миёна доктори илми фалсафа шуд

​   Миллати тоҷик дар миёни бонувон донишмандони варзида зиёд дошту дорад, ки яке аз онҳо Мунзифа Ғаффорова буд. Муаллифи бештар аз 200 асари илмиву методист, дорандаи 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Дўстии Халқҳо, Ифтихорномаҳои Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва медалҳо. Дар Осиёи Миёна нахустин зане буд, ки дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафаро гирифтааст.

Олим, журналист, мутарҷим…

​  Масъуд Муллоҷонов, донишманди маъруфи кишвар се сол пеш ҷамъи моро тарк кард. Замоне рафт, ки се сол то навадсолагиаш монда буд. Роҳи эҷодии ӯ аз рӯзноманигорӣ оғоз шудааст, муддати хабарнигори нашрияи машҳури “Литературная газета” дар Тоҷикистон буд. Аз ҷумлаи қаламкашону пажӯҳишгаронест, ки кори ҳизбӣ ҳам кардаву муддате дар бахши таблиғи Кумитаи Марказии ҲК фаъолият ҳам доштааст. Аммо корҳои пажӯҳишии марҳум барҷастатару мондагортаранд.

 Масъуд Муллоҷонов 3-юми ноябри соли 1929 дар Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда, дар аспирантураи назди он таҳсил намудааст. Дар идораи рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…

  Имрӯз, 30-уми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Мавлавии Балхст. Аз се рӯз пеш ба инҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ пуранд аз мақолоте дар бораи Мавлоно, осор ва эҷоди ӯ. Шоире, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ин пора аз “Найнома” – и Устод 

Гули гўёи Бадахшон: Фарзона дар бораи Мавҷигул

Мавҷигул зодаву парвардаи якчанд маърифату фарҳангӣ тавоност, ки дар маҷмўъ як тамаддуни мўҳташами умумибашарӣ ва як тамаддуни муаззами исломӣ будаанд. Ў менависад, ки «Орзу дорам, дар диёри бобоям – Баҷоури Покистону дар манзили бибиям – Кашмир, қадам занам ва дар деҳаи хушманзараи Дихори Афғонистон соатҳо истаму ба рўҳи поки аммаи бузургам – Бибироҷуни Қуръонхону Ҳофизхон, роз гўям». Нигоҳи Мавҷигул, ишқу умеду 

Страницы