библиографияи миллӣ

Мирзо Боқӣ – шоири маъруфи кишвар дар остонаи 75-солагӣ аз олам даргузашт

   Мирзо Боқӣ - шоири маъруф, файласуф, мутарҷими борикназар, инсони камназир дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам рафт. Шоире буд хиёбонгард, ҳамеша ӯро метавонистӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ғарқи андешаву тафаккур бубинӣ. Шеърҳояш мазмуни фалсафӣ доранд, ашъораш бо назму наср омехтаанд. Ҳикоя ҳам гуфта, вале мисли он ки шеъреро ҳикоя кардааст. Андешаҳои фалсафии худро дар ду ҷилди китоби калонҳаҷми “Ҷовидоннома” ҷой додааст. Шоирест, ки ҳоло ҳам дур аз назари нақди адабӣ мондааст.

   МИРЗО БОҚӢ шоир ва нависандаи тоҷик 19 декабри соли 1944 

Ҳафт сол пеш дар ҳамин рӯз: Даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ

   Аз даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке пуркортарин ва маъруфтарин олимони кишвар ҳафт сол сипарӣ шуд. Соати 3:47 дақиқаи субри рӯзи 16 сентябри соли 2012 устод Муҳаммадҷон Шакурӣ  яке аз муаллифони асосии Қонуни забони тоҷикӣ дар бемористони мавсум ба Ибни Синои пойтахт дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.

   МУҲАМАДҶОН ШАКУРӢ 30 октябри 

Пири суханварони Тоҷикистон

   Сухан аз устоди шодравон Сотим Улуғзода, яке аз маъруфтрин адибони садаи бист аст. Ва ҳамзамон аз ҷумла озордидатарин удабои ин қарни тоҷик аст.  Зарбаҳои ҷонсӯзе аз низоме хӯрда, ки умре аз он пуштибонӣ мекард. Адибе, ки рафтани фарзандашро хиёнат ба худу Ватану миллаташ қаламдод накард ва то охир ба қарзи падарии худ содиқ монд. Ҳама фишорҳоро таҳаммул кард, вале аз фарзанд рӯ нагардонд.
   Дар ғарибӣ ҷон ба ҷонофаринаш таслим кард, вале чун ҳамеша бо ёди Ватан буд, дар

Аз рӯзгори ҳаҷвнигори барҷаста Мастибек Паллаев

  Ҳаштод сол аз таваллуди Мастибек Паллаев, яке аз маъруфтарин ҳунармандони солҳои 70 садаи бистуми тоҷик гузашт. Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев бидуни шак ду нафаре буданд, ки бо сабки хос ба саҳнаи ҳаҷв ворид шуданд. Ин ду тан бо офариниши саҳнаҳои намакини ҳаҷвӣ, таронаҳои ҳаҷвӣ бар ашъори шоирони ҳаҷвнавис шуҳрат ёфта буданд. Аммо умрашон кутоҳ будааст. Ҳарду дар авҷи камолоти эҷодӣ тарки олам карданд...

Журналисти шоистаи Тоҷикистон Саидқул Қурбонов

   Саидқул Қурбонов яке аз журналистони собиқадори кишвар аст. Аз ибтидо журналисти радио ва телевизион будааст ва муаллифи чандин тарҳҳои тамошобоб дар шабакаҳои телевизионии кишвар аст.

  Саидқул Қурбонов соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар радиои тоҷик ба кор шуруъ кард. Зинаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноатро паймуд. Аз соли 1982 дар телевизиони тоҷик заҳмат кашид, солҳои 1985-1986 сармуҳаррири идораи иттилоот, 1986-1992 сармуҳаррири идораи пропаганда, 1993-1998 сармуҳаррири идораи иқтисод буд.

60 соли Далер Назаров

   Ҳафтаи гузашта, дақиқан 8-уми сентябр, Далер Назар -ҳунарманди шинохта ва яке аз маҳбубтарин сарояндагони мусиқии поп ба синни шастсолагӣ қадам гузошт. Ва рӯзе баъди шастсолагӣ модари меҳрубонашро ба хок супурд. Мегуфт марги модар ба ҳадде асар гузошта, ки наметавонад ҳарфе бигӯяд. Барои инсон талаф додани азизтарин шахс бори гаронест.

    Далер Назаров  овозхони машҳури тоҷик 

Страницы