Суҳроб яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Рустам ва Таҳмина, паҳлавони Туронзамин буд. Аз овони кўдакӣ нишонаҳои паҳлавонӣ ва қувваи бозу дар ў аён буданд. Ҳангоми 10-солагиаш дар сарзамини Турон касе бо ў ёрои ҳамнабард шуданро надошт.
Суҳроб аз турониён лашкаре ҷамъ оварда, сўйи Эрон сафар кард.
Миллати мо беҳтарин санъати наққошиву кандакориро аз гузаштагон ба мерос дорад, ки ҳеч яке шабеҳи дигаре нест. Ин аз ҳунари волои м ардум шаҳодат медиҳад. Яке аз ин шаҳкорҳо Сутуни Оббурдан аст, ки онро соли 1924 этнограф И.С, Андреев дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Куҳистони Масч пайдо кардааст.
Бо мурури замон пояи сутун кўтоҳ гардида, дар натиҷа сутун кўтоҳ шудааст (собиқ 2 м буд, ҳоло 1, 92 м аст).
Сурудҳои таърихӣ, як навъ асари фолклорӣ, ки дар он аз воқеаву корномаи таърихӣ сухан меравад. Дар сурудҳои таърихӣ ҳам унсурҳои бадеии осори эпикӣ ва ҳам лирикӣ дида мешавад. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ дар шаклҳои гуногуни шеърӣ, ба монанди рубоӣ, ғазал, марсия ва дигар шаклҳои шеърӣ эҷод шуда, аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ, панҷмисраӣ таркиб ёфтаанд.
Матни то имрўз маҳфузмондаи яке аз мукаммалтарин
«Тоҳир ва Зуҳро», яке аз афсонаҳои машҳури тоҷикӣ, ки байни мардумони кишварҳои ҳамсоя низ мушоҳида мешавад. Дар ин афсона ишқи ду дилдода «Тоҳир ва Зуҳро» инъикос ёфтааст. Афсонаи «Тоҳир ва Зуҳро» ба мисли афсона ва достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин» ба таври фоҷиаангез ба поён мерасад. Яъне қаҳрамонҳо ба муроди дили худ нарасида, аз олам дармегузаранд.
Мазмуни мухтасари афсона чуни аст, ки подшоҳ ва вазир
Сурма маъдани табииест, ки дар гурўҳи V – и унсурҳои даврии Менделеев ворид шуда, массаи атомиаш 121,75 мебошад. Сурмасанг дар табиат дар конҳо ба шакли (сангмонанд, хокаӣ) сафеди нуқраӣ ва тирраранг дучор меояд. Кони сурмасанг дар кўҳсор аст. Сурмасангро аз он ҷо бадар менамоянд, қисмашро ба пораҳо ҷудо карда, аз порачаҳои нисбатан мустаҳкамтараш қаламчаи ҳанвор месозанд.
Яке аз маъхазҳои бостонӣ оид ба Рустами достон деворнигораҳои Саразм аст. Дар он ҷо симои Рустам хеле бар гирифтор шудани паҳлавон Аврод ба дасти Рустам, ҷанги Рустам бо Аржангдев, деви Сафедро куштани Рустам, хеле ҷолиб тасвир ёфтааст. Оид ба паҳлавонӣ, тавонмандӣ ва диловарии Рустам баъдҳо, дар садаҳои пеш аз вуруди ислом, дар осори мардуми эронитабор ба монанди «Ёдгори зарирон», «Дарахти асурик» ва ҳатто дар бозмондаҳои осори суғдии қадим низ ишоратҳо рафтааст. Симои