Марина Некрасова – адиби шинохтаи русзабони Тоҷикистон имсол ба синни 65 қадам мениҳад. Аз ҷумла шоираҳоест, ки маъруфияти хоса доранд. Фаъолияти худро аз кори журналистӣ оғоз кардааст ва ҳоло низ ходими адабии нашрияест, ки барои марзбонон интишор меёбад.
МАРИНА НЕКРАСОВА 27 майи соли 1954 дар шаҳри Таганрог ба ҷаҳон омадааст. Факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм
Герасимов Михаил Михайлович антрополог, муҷассамасоз ва бостоншиноси рус, доктори илмҳои таърих 5-уми сентябри соли 1907 дар шаҳри Петербурги Маскав таваллуд шудааст. Асосгузори мактаби бозсозии пластики антропологӣ дар Русия, ҳамчун барқароркунандаи симои ашхос аз рўи косаи сар (беш аз 200 нафар) маъруф аст. Аз солҳои мактабхонӣ дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ширкат мекард. Соли 1941 бо як ҳайати бостоншиносӣ дар кушоиши дахмаи Темури Ланг ва
Имрӯз, ду абаршоир, устодони назми муосир, ду шаҳсутуни шеъри миллат-Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат зодрӯз доранд. Ҳар касе бо шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот дорад, мебинад, ки даҳҳо тан аз ашъори ин ду шоири мумтоз пораҳо мегузоранд ва атрофи шеърҳо баҳс мекунанд. Рӯзест, ки ҳамагон аз шеър сухан мегӯянд, аз зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат ёд мекунанд.
Дар зер чанд намуна аз шеърҳо дар бораи ин ду абармарди шеъри тоҷикӣ меорем.
Ганҷи Қорун тибқи ривоиёт сарвати беандоза азиме аз симу зар, ки Қорун ба василаи ҳунари кимиёгарӣ гирд оварда буд. Аз рўи баъзе қиссаву ривоятҳо Ганҷи Қорун фарогири 440 ҳазор набон (халта) тиллову нуқра буда, калидҳои дари хазинаҳои Қорунро 40 шутур мекашиданд. Тибқи дигар қиссаву ривоятҳо, Ганҷи Қорун иборат аз 70 ҳазор деги рўйини пур аз зар буд, ки дар хонаҳо ниҳода, ҳар хонаро бо як калиди аз як мисқол тилло сохташуда қуфлкарда буданд, нуҳ марди паҳлавон мебоист, то
Амини Истаравшанӣ тахаллус, ном ва насаб Аминҷонов Турсунпўлод Турдимуродович аст, ки агар умр вафо мекард, имсол ба 70 қадам мегузошт. Мавсуф 25-уми майи соли 1949 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дида ба олам кушодааст. Солиёни дароз дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио кор мекард, аз ҷумлаи журналистони соҳибқалам буд. Ва шеър ҳам менавишт.
Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994). Хатмкардаи УДТ
Ғоибназар Паллаев имсол ба синни 90 медаромад, агар тарки ин олам намекард. Як сиёсатмадори муваффақи замони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Зина ба зина то вазифаи Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон расид. Аммо аввали солҳои 90-и асри гузашта, дар айёми бедории афкори мардум ва дар пайи тазоҳуроти моҳи феврали соли 1990 аз вазифа канор рафт. Дигар ба мансабаш барнагашт. Чун соле баъд Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам аз ҳам пошид, қаламрави кишвари шӯроҳо ба таҳаввулоти сиёсии