Асаре, ки аз нависандаи ҳакими рус Лев Николаевич Толстой нахустин бор ба забони тоҷикӣ пешкаш мегардад, агарчи ба гунаи як дебоча дар муқаддимаи рисолаи нисбатан муфассали ин нависанда бо унвони “Ҳунар чист?”(“Что такое искусство?”) ҷой дода шудааст, аз назари оғозу анҷом ва таҷассуми назари мушаххас, мустақил мебошад. Дар ин матлаб нависанда дидгоҳи худро дар хусуси моҳияти асари бадеъ (умуман осори ҳунарӣ) ба сурати хеле мушаххас баён медорад ва зоҳир аст, ки масоили мавриди нигаронии нависандаи бузург махсусу мунҳасир ба замони худи ӯ набудаанд. Ин
Муҳаммадюсуф Имомзода Ректори Донишгоҳи мииллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия, доктори илмҳои филологӣ, профессор аст. Аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи илм дар Тоҷикистон мебошад, ки берун аз қаламрави кишвар низ соҳиби иззату икром аст.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 28-уми апрели соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии
Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 21 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. «Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон»-у «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум
Абдусалом Атобоев 20 апрели соли 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Омўзишгоҳи омўзгории Конибодом чанде дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба поён расондааст. Муддате дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кардааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст. Аз солҳои 60-ум ба кори
Ҷамолиддин Тошматов аз зумраи адибоне буд, ки бо тоҷикиву ӯзбекӣ хуб менавишт. Ҳарчанд адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон буд, вале мақолоту очекҳои зиёдеро бо тоҷикӣ навиштаву маъруфият пайдо карда буд. Агар умр барояш вафо мекард, имсол 80-сола мешуд.
Нависанда, публисист ва рўзноманигор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамолиддин Тошматов 20-уми апрели соли 1939 дар деҳаи Яккатераи ноҳияи Конибодом дар оилаи колхозчӣ
Дар Кохи фарҳанги “Суғдиён» маҳфили ёдбуди шоира Норинисои Алимуҳаммад таҳти унвони «Чароғи меҳр» бо иштироки аҳли адаб ва мухлисони шоира баргузор гардид. Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла афзуд, ки гиромӣ доштани шахсиятҳои арзанда, хидматҳои онон дар инкишофу пешрафти ҷомеа аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати