библиографияи миллӣ

Ёде аз Амир Хусрави Деҳлавӣ

 

 

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,

Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Офоқро гар дидаам, меҳри бутон варзидаам,

Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.

 

Нодири Одил – донишманди шинохта дар синни 87-солагӣ аз олам рафт

  Нодири Одил “олими варзида, шахсияте, ки аз хурдӣ дин омӯхтаву Қуръону ҳадис омӯхтааст. Ва умре ин омӯзишҳои ҷавониро ба дигарон омӯзонидааст. Вай дар масҷиде минбар надошт, чун баъди хатми мактаб роҳи илмро пеш гирифт, фалсафа, таърих ва адабиёт омӯхт. Вале аз он замон ба имрӯз ҳаёташ аз Қуръону ҳадис ҷудо набуд. Имрӯз ҳам агар касе ба суҳбати Нодир Одилов биншинад, вай аз ахлоқи исломӣ бо ояту ҳадис ва садҳо байту ғазал нақл мекунад...”

Ба истиқболи Рӯзи гиромидошти Бедили Деҳлавӣ

   Абдулқодир Бедил ё Бедили Деҳлавӣ шоир, нависанда ва файласуфи бузург Мирзо Абдулқодири Бедил шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурӯзонтар кард. Дар қарнҳои минбаъда ҳамзамононаш ба ӯ унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб диданд.

   Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ

Мавлуди Гулназар

 Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ зодрӯз дорад. Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони кишвар аст, ки миёни ҳаводорони каломи баъдеъ аз маъруфияти хос бархӯрдор аст. Дар назму наср қувва озмудаву ҳамеша муваффақ будааст. Ҳар сол дар остонаи зодрӯзи шоир аксари нашрияҳое, ки мусоҳиба 

Ба истиқболи “Рӯзи Рӯдакӣ”: Дар Китобхонаи миллӣ аз устод Рӯдакӣ чӣ метавон хонд?

    Ҳар сол 22-уми сентябр чун “Рӯзи Рӯдакӣ” дар саросаи кишвар таҷлил мешавад. Ҳамарӯза аз ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ хабарҳо мерасанд, ки бо баргузории мизҳои гирд, конфронсҳо, ҳамоишҳо бо ширкати донишмандон ва дӯстдорони каломи бадеъ аз ин рӯз ёд кардаанд. Ҳамин гуна ҳамоиш рӯзи 18-уми сентябри соли равон таҳти унвони “Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакӣ” баргузор гардид.

   Рўдакӣ Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад соли 858 дар деҳаи Рўдак, ҳозира Панҷрўди ноҳияи Панҷекат ба дунё  

Шаст соли Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов

   Имрӯз Барзу Абдураззоқов-ҳунарманди маъруф, инсони донишманду заковатпеша ба синни мубораки 60 қадам гузошт. Барзу Абдураззоқов аз ҷумла шинохтатарин ҳунармандонест, ки дар хориҷи кишвар ҳам хуб мешиносанд. Зарфи чанд соли охир вай бо даъвати театрҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар саҳнаи театрҳои гуногуни ин мамлакатҳо спекталҳоеро ба саҳна гузоштааст, ки мавриди истиқболи гарми ҳаводрони санъати театрӣ 

Страницы