библиографияи миллӣ

Ҳафтоду панҷ соли забоншинос Наим Сангинов

 Наим Сангинов  15 ноябри соли 1944 дар ноҳияи  Айнӣ таваллуд  ёфтааст. Сангинов забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (1980), дотсент (1982). Соли 1966 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст.

 Солҳои 1967-1968 муаллими кафедраи забони англисии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1970-1971, афсари Артиши Шўравӣ, аз соли 1971 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи

                                              

Вассофи овозадори Чамбули Мастон

 Ҳикмат Ризо шоири халқист, охири садаи 19 ба дунё омад ва аз машҳуртарин гурғӯлисароёни асри ХХ буд. Шуҳрати беандоза бузурге дорад ва аз муваффақтарин касонест, ки бо лаҳни шево ин достони пурмоҷарои мардумиро сурудааст.

 Ҳикмат Ризо соли 1894 дар деҳаи Ёнахши Обигарм, ҳозира ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Шоири халқии тоҷик, гўрғӯлихон. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1963). Рағбати дуторнавозию хунёгариро дар дили ў пеш аз ҳама падараш Муҳаммадризо ва бародараш Зиё Ризо бедор кардаанд. Ў дар 

80 соли Гулрафтор Шаҳобова

 Ин моҳ яке аз пуровозатарин сарояндагони солҳои 60-70 асри гузашта Гулрафтор Шаҳобова  ҳаштодсола шуд. Мавсуф 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст.   Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш.   Кўлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони дав­ронаш маҳсуб меёфт. Гўиё  оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва до­ғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.

Саодати як олим ин осори абадзиндаи ӯст

 150 сол пеш дар чунин рӯзе (15 ноябр) Василий Владимирович Бартолд-шарқшиноси маъруф ва муаллифи бештар аз чаҳорсад таълифоти имлӣ дида ба олам кушод ва 89 сол пеш дида аз олам барбаст. Замоне ин олами пуршӯрро тарк кард, ки 61 сол дошт. Барои олиме чун ӯ 61 соли умри басо кутоҳест. Вале пеши аҷал чора чист? Ҳеч! Аммо ин умри ктоҳ ҳам барояш саршор аз саодат буд: саодати анҷоми беҳтарин пажӯҳишҳое, ки ҳатто имрӯзиён ҳам онро меомӯзанд ва истифода мекунанд.

Донишҳои донишманд

 Таърихи адабиёти форсӣ афродеро зиёд медонад, ки бо ном ё тахаллуси Дониш шеър гуфтаанд, достон навиштаанд, қасидаву ғазалу рубоӣ сурудаанд ва ё беҳтарин пажӯҳишҳои илмиро дар риштаҳои гуногун анҷом додаанд. Маъруфтарини онҳо Аҳмад Махдуми Дониш аст, ки назар ба дигарон дар бораи ӯ бештар медонем. Вале ҳоло сухан дар бораи Донишҳои дигар хоҳад рафт...

 Дониш Мирзо Тақихон

Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?

 Сухан аз Абдурраҳмони Ҷомӣ аст. Аз таваллудаш 605 ва аз вафоташ 527 сол сипарӣ шуд. Турбати покаш дар шаҳри Ҳирот аст ва ҳамоно зиёратгоҳи аҳли илму ирфон, иродатмандони шеъру достон, уламои тариқат аст. Муаллифи бузургтарин шаҳкорҳо дар адабиёт, олими маъруф ва яке аз шайхони муътабари замони худ буд.

 Ҷомӣ Нуриддин Абдурраҳмон ибни Низомуддин Аҳмад ибни Шамсуддин Муҳаммад (7.11.1414, деҳаи Харгарди

 

Страницы