Назри Яздонӣ – Шоири халқии Тоҷикистон дирӯз ба синни мубораки 70 қадам гузошт. Олим, шоир, журналист, пулистист, таҳлигар, мутарҷим...ва даҳҳо ҳунари дигар дорад. Хеле инсони хоксор ва дониш манди воқеъист. Китобҳои зиёд дорад, таълифоташ ба абонҳои зиёде тарҷумаву нашр шудаанд. Дар сомнаи Иттифоқи нависандагон дар борааш мехонем:
НАЗРИ ЯЗДОНӢ (Раҳматуллоев Назрулло) 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Хонадонашон соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рӯдакии ҳозира) кӯчида, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷой (деҳаи
Китобҳои зиёдаш ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Ҷавониро месароям» (1970), «Гунбади сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Хандаи бахт» (1979), «Хандаи иқбол» (1981), «Хатои охирин» (1984) ва ғайра мебошанд.
БУРҲОН ФАРРУХ (Маҳкамов Бурҳон) 10 августи соли 1929 дар деҳаи Саримазори ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Чанде дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои зодгоҳаш дарси забон ва адабиёт гуфтааст.Солҳои 1950-1953 дар хизмати ҳарбӣ будааст. Баъдан дар созмонҳои ҳизбӣ
Агар Муҳиддин Фарҳат зинда мебуд, имсол ба 95 қадам мегузошт. Вале марги бемаҳал 35 сол пеш ӯро аз ҷамъи мо рабуд. Шоири озода, достонсарои беҳамто, мутарҷими борикназар, ки як бахши муҳими ҳаёти ҷавониашро дар ҷабҳаи ҷанг алайҳи гитлерчиёни ғоратгар гузаронидаву дар озодсозии шаҳру рустоҳои зиёде ширкат кардааст, ҳамоно яке аз маҳбубтарин қаламкашони кишвар аст. Дар сомонаи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикисон дар бораи ӯ мехонем:
МУҲИДДИН ФАРҲАТ (Ҳасанов Муҳиддин) 7 августи соли 1924 дар деҳаи Хоҷанайсавори ноҳияи Хуҷанд
Таҳмина, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳамсари Рустам, модари Суҳроб мебошад. Аз Таҳмина дар достони “Рустам ва Суҳроб” – и «Шоҳнома»-и безавол ёд мешавад. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, Рустам рўзе дар ҳудуди шаҳри Самангони Турон шикор карда, баъди анҷоми шикор соате ба хоб рафт. Аспи ў – Рахш ба галаи аспони шоҳи Самангон, ки дар наздикӣ мечариданд, ҳамроҳ шуд.
Рустам аз хоб бедор шуда, аспашро надид ва дар ҷустуҷўи он ба шаҳри Самангон ворид гардид.
Хоб ва таъсири он дар зиндагии ояндаи қаҳрамонон дар адабиёти классики форс - тоҷик ҷойи муайян дорад. Масалан, дар достони «Юсуф ва Зулайхо» Зулайхо Юсуфро дар хоб дида, ба ў дил мебандад. Хоб дар сарнавишти Юсуф низ нақши ҳалкунанда мебозад.Сабаби ба чоҳ андохтанаш он буд, ки дар хоб дид, ки офтобу моҳу ситора таъзимаш карданд. Ин чунин таъбир дошт, ки рўзе мерасаду падару бародаронаш ба ў сари таъзим фуруд хоҳанд овард. Ва оташи кинаи бародаронро нисбат ба ў барафрўхт. Баъдан
Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).Намунаҳои нисбатан сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати