Аз таваллуди Самад Ғанӣ 110 сол ва аз вафоташ 44 сол сипарӣ шуд. Ҳамоно яке аз адибони дӯстдошта боқӣ мондааст. Дромнависи хубе буд, ҳаҷвнигори мушоҳидакор ва журналисти соҳибтаҷриба буд. Дар тарҷумаи осори адибони рус ҳам дасти расо дошт. Ёдаш ба хайр!
Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллими Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рўзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рўзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.
Муҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», Корманди Институти марксизм – ленинизм, муҳаррири моҳномаи хаҷвии «Хорпуштак» будааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст.
Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (Ҳамроҳи А.Исмоилов,1935), «Ватандўстон» (Ҳамроҳи Ф. Ниёзӣ ,1937), «Тўй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С. М. Мителман, 1958) ва ғайра мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд.
Асарҳои драмавии муаллифони дигарро бо тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А. Чехов, М. Иброҳимов, В. Пистоленко, Н. Вирта ва дигарон ҳастанд. Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шух» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғайра мебошад.
Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964) чоп шудаанд.
Борҳо вакили мардумии парлумони замон будааст. Бо панҷ орден ва чанд медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст. Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
7 апрели соли 1974 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз “Адибони Тоҷикистон”. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 73-74.
Аз Самад Ғанӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:
Мавҷи шух: Латифаҳо / Муҳаррир З. Воҳидов. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 88 с.
Дўсти бегумон: Дар бораи С. Айнӣ // Дар хотироти дўстон ва шогирдон. – Душанбе, 1968. – С. 276-286.
Шакарханда: Маҷмўаи ҳикоя ва латифаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983.
Тахти равон: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1965. – №8. – С. 6-7.
Духтари лабшакар: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1970. – №6. – С. 5.
Ҳамин тавр гўед: Ҳикояи воқеӣ // Хорпуштак. – 1971. – № 3. – С. 4-5.
Хурўс: Ҳикояи воқеӣ. – 1971. – №24. – С. 5.
Жанна ва Ҷонни: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1971. – №6. – С. 5.
Советпаҳлавон: Ҳикояи ҳаҷвӣ бахшида ба 50– солагии СССР // Хорпуштак. – 1972. – №24. – С. 2.
Гурги мошинсавор; Ҷавоби ҳақ; Ҳолдон; Кордон; Кори бемаслиҳат; Ёбанда; Ба пои ман халид: Латифаҳо // Хорпуштак. – 1973. – № 2. – С. 4 - 5.
Кули муғамбир – фандхўр: Ҳикояи воқеӣ // Хорпуштак. – 1973. – №7. – С. 6.
Ривояти хешовандон: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №10. – С.16 - 17.
Саёҳати Берлин: Памфлет // Хорпуштак. – 2015. – №12. – С.10.
Дар бораи адиб
Самад Ғанӣ: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 270-271.
Юсуфов, М. Табассум: Дар бораи маҷмўаи ҳикояхои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1959. – 18 август.
Абдуҷабборов, Т., Шарофов, М., Шодиқулов, Ҳ. Тўй: Асари Самад Ғанӣ дар театри драма ва камедияи мусиқии Самарқанд ба номи Ҳомид Олимҷон // Ўзбекистони сурх. – 1961. – 21 май.
Маъмур, С. Рафт вақте бародарам ба ҷанг: Шеър барои Самад Ғанӣ // Меҳвар. – Душанбе, 1980. – С. 19-20.
Беҳбудӣ, М. Зарофатгўй: Ёди драматурги номӣ Самад Ғанӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 19 январ.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библографияи миллӣ.