Борис Анатолевич Литвинский олими маъруф буд. Вай солҳо дар Тоҷикистон зист, кор кард, асарҳо навишт. Ҳатто дар навиштани китобҳои таърихи кишвар саҳм гирифт. Аммо солҳои охир атрофи номи ӯ сару садоҳо зиёд шуданд, ки ба таълифи асари машҳури “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров иртибот дошт. Ин ҳам як бахши зиндагиномаи ӯ буд, ки наметавон онро нагуфт. Дар Китобхонаи милли намунаҳои осори олим маҳфузанд. Агар зинда мебуд, имсол ба синнӣ 95 медаромад.
Аз таваллуди Султон Шоҳзода-шоири хушнависи тоҷик 75 сол ва аз маргаш 23 сол гузашт. Султон Шоҳзода журналист буд, умре дар нашрияҳо ва нашриётҳои кишвар кор кардааст. Вале фаъолияти шоириаш аз рӯзноманигорӣ барҷастатар будааст. Соҳиби шаш маҷмуаи шеъ буд, ки аввалинаш соли 1975 ва охиринаш соли 1994 чоп шудаанд. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон омадааст:
СУЛТОН ШОҲЗОДА 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст.
Устод Шарифҷон Комилзода ба синни мубораки 60 қадам гузоштанд. Муборакашон бод ин шасти камолот!
Аммо боварнакарданист, чун гумонам ҳамагӣ дирӯзакак буд, ки дар Донишгоҳ гӯш ба суханони устод аввалин дарси саводи китобдорӣ меомӯхтам. Гумонам дирӯзакак буд, ки китоб ва китобхона ва муқаддас будани суханро аз забони устод мешунидам.
Садубист сол пеш, дар ҳамин рӯзҳои баҳорӣ Чинор Имомов, яке аз бунёдгузорони аввалин Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, арбоби давлатӣ, ҳизбӣ дида ба олам кушодааст. Ва 79 сол қабл дида аз олам бастааст.
Имомов Чинор (Очилдӣ) соли 1898 дар оилаи камбағал, дар деҳаи Зебони Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1911 дар мактаби маҳаллаи русии Самарқанд хондааст. Баъди хатми омўзишгоҳи ибтидоии олии чорсинфаи Самарқанд (соли 1917) Имомов роҳи муборизаро пеш гирифт ва ғалабаи Инқилоби Октябрро бо хурсандӣ истиқбол кард. Ў ходими ҳизбӣ ва давлатӣ буд. Аз соли 1918 аъзои КПСС буд.
Мирзонасриддин адибест, ки факултаи забону адабиёт хатм накардааст, вале меҳри беандоза ба адабиёт ӯро ба майдони эҷод ворид кардааст. Муаллифи чандин қиссаву ҳикояҳои дилнишин аст. Аввалин ҳикояи ӯ аввали солҳои 90-и асри гузашта чоп шудааст.
Аз Мирзонасриддин Саидов 10 марти соли 1948 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шўравӣ хизмат кардааст.
Ҷумъа Қуддус яке аз пурмаҳсултарин адибони кишвар аст. Бахусус, бахши офариниши асарҳои саҳнавӣ дар эҷодиёти вай баҷаста аст. Аз сӯйи дигар аз зумраи рӯзноманигорони мувафақи кишвар низ маҳсуб мешавад.
Ҷумъа Қуддус 20 марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №1 ноҳияи Вахш, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии