библиографияи миллӣ

Куштаи ишқи Ватан

Пиримқул Сатторӣ аз ҷумлаи шоирони навгӯ буд. Кори рӯзноманигорӣ мекард. Аз журналистони матраҳи Қурғонтеппа маҳсуб мешуд.  Ҳадафи тири душманони истиқлолияти кишвар шуд ва дар синни 55-солагӣ кушта гардид.  
Пиримқул Сатторӣ 1-уми августи  соли 1938 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон ба дунё омадааст.
Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанберо хатм карда аст. Ходими рўзномаҳои ноҳияи «Вахш» ва «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» будааст.
Шеърҳояш дар маҷмўаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.

Алиқул Девонақулов: Олиме, ки аз Рӯдакӣ то Турсунзода кори пажуҳишӣ кардааст

Марде бо сурати сирати дарвешнамо, мӯй ва риши дароз, қомати баланд, вале сархам дар кӯчаҳои пойтахт гаштугузор мекард. Ҳамеша ӯро ғарқи дарёи андеша медиданд. Марде мерафт дар ҷодаҳо, ки ғарқоби андешаҳои худ ва мегуфтӣ ба ин дунё ва ин одамон ӯ коре надорад ва дар як дунёи дигари андешаҳо ғӯтавар аст.

Ва чунин ҳам буд. Вай дар ҳамон оламе ва бо ҳамон одамоне мезист, ки асрори эҷодашонро мавриди таҳқиқу таҳлил ва пажуҳиш қарор дода буд. Аз Рӯдакӣ то Турсунзода.

Алиқул Девонақулов донишманди пуркору заковатманд буда,

Аз Тошхўҷа Асирӣ чӣ метавон хонд?

“Асирӣ марди қаландармиҷозу озодтабъ буд. Хушомадгӯӣ ва мудоҳанаро намедонист. Аз риёву нифоқ мутанаффир ва аз тамаъ борӣ буд. Бо вуҷуди соҳиби илму камол будан, мансабҳои илмиро қабул накард, ба сангиосиёбтарошӣ таъмини маишат менамуд. Ба адабиёти ҷадида моил ва ба хубиҳои услуби ҷадида қоил буд. Дар бораи мактаби ҷадида ба илтимоси фақир шеъре гуфта буд...”

Рўзноманигор, забоншинос ва тарҷумони маъруфи тоҷик Саидризо Ализода 130-сола шуд

Дар бораи ин марди хирад хеле метавон зиёд навишт. Ҳарчанд гузаштаи ӯ пурра таҳқиқ нашудааст, вале
Саидризо Ализода 27-уми июли соли 1887 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи косиби шоҳибоф ба дунё омад. Ў бо ғамхории падар бо роҳу василаҳои гуногун савод баровард. Дар давоми 13 сол ҳамроҳи падараш ба сифати шогирд дар корхонаи бофандагӣ кор ва пайваста худомўзӣ кард. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифта, баъдан дар мактаби ҷадид, ки дар оғози асри 20 таъсис ёфта буд, таҳсил кард. Муаллими мактаби ҷадид, ҳуруфчин ва мусаҳҳеҳи бахши тоҷикии нашрияҳои М. Беҳбудӣ «Самарқанд» ва «Оина»

Адиби лаҳистоние, ки дар бораи Тоҷикистон яке аз беҳтарин романҳои худро навишт

Коммунисти лаҳистонӣ ва марде, ки дар бораи Тоҷикистон як романи машҳури худро бахшид. Дӯстии хубе бо устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дошт. Аз ҷумлаи қурбониёни соли 1937 ва ба ҷурми сохтаву бофтаи фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ қатл шудааст.
Бруно Ясенский 17.7.1901 дар мавзеи Климонтови уезди Сандомир дар хонаводаи пизишк ба дунё омадааст. Нависандаи лаҳистонӣ ва рус. Соли 1922 донишгоҳи Краковро хатм кардааст.

Журналист, нависанда, вазир, пуштибони аҳли фарҳанг...

Яке аз муваффақтарин масъулони Ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар ҳар вазифае, ки фаъолият дошт, соҳа ба пешрафт ноил шуд. Бахусус, солҳои Истиқлолият, ки яке аз муҳимтарин соҳа: иттилоот ва фарҳангро сарварӣ мекард. Рушди санъату фарҳанги тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба номи ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад.

Сухане аз рўзгори шахсияти намоёни давлативу ҷамъиятӣ, фарзанди асили Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, нависанда, академики Академияи байналмилалии иттилоотрасонӣ, узви Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон Бобохон Алиевич Маҳмадов.

Страницы