библиографияи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ аз Раҳим Ҷалил чӣ метавон хонд?

Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи бисти тоҷик буд. Насрнависи муваффақи замонаш буд, повесту романҳояш аз маъруфияти вижа бархӯрдор буданд. Бо забони соддаву диди реалистӣ менавишт. Худро аз шогирдони устод Айнӣ медонист.

Раҳим Ҷалил 3- июни 1909 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст.   Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифта муддате дар мадраса хондааст. Пас дар мактаби нав таҳсил карда, соли 1927 синфи ҳафтум ва баъд курсҳои кўтоҳмуддати муаллимтаёркуниро хатм намуд. Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба тадрис машғул шуд.

Толиб Хаскашев ва забоншиносии тоҷик

Доктори улуми филологӣ, профессор, мудири пешини кафедраи  забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Толиб Наботович Хаскашев яке аз намояндагони варзида ва шинохтаи илми забоншиносии тоҷик буд.
Ҷаҳонбинии забоншиносии ў дар мактаби забоншиносии академик Л. В. Щерба, ки онро Мактаби фонологии Ленинград (МФЛ) меноманд,ташаккул ва сайқал ёфтааст.
Роҳи профессор Толиб Хаскашев дар илми забоншиносӣ ҳамвору наздик набудааст. Ў соли 1950 дар зодгоҳаш деҳаи Хизри ноҳияи Тавилдара  ба мактаб қабул шуда, соли 1959 мактаби миёнаи ба номи Телмани ноҳияи

Суолу ҷавоби бомавқеъ аз шароити Китобхонаи миллӣ

Корманддони Шуъбаи библиографияи миллӣ дар мактабҳои  рақаи 30, 15, 41, 88, 93, 94 мулоқот бо хонандагонро аз мавзуъи бойгонии бойи Китобхонаи миллӣ оғоз карданд. ва гуфтанд, ки бинои нави Китобхона барои нигаҳдории 10 миллион дона китоб пешбинӣ шудааст.
Дар мулоқот, ки дар доираи барномаи вижа сурат гирифт, сухан аз чигунагии истифода аз ин хазинаи бузурги китоб рафт.

Пирӯзӣ ва фоҷеаи Улҷабоев

Бархоста аз миёни мардум вай ҳанӯз дар овони бачагӣ дарк карда буд, ки фақр яъне чӣ? Ва қабл аз вақт вай аллакай навраси камолёфта буд. Ҳанӯз писарбачае буд, ки дарк кард: раҳоӣ аз фақр ва ақибафкандагӣ танҳо бо наҷот аз ҷаҳлу нодонӣ имконпазир аст. Вақте маориф барои ҳамагон дастрас мегардад, халқ соҳибмаълумот ва рушангаро мешавад. Ва ҳаёт ҳам ба ҷониби хубӣ тағйир мекунад. Аз ин рӯ дар синни 16-солагӣ, баъди хатми мактаби ҳафтсола ба қароре омад, ки омӯзгор шавад. Он замон вай дар бораи ягон шуҳрати ҳизбиву давлатӣ ҳам намеандешид.

Сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби донишомӯзони мактаб-интернати санъат ҳудудан сад нафар афзуд

Ҳудудан 100 нафар хонандагони мактаб-интернати махсуси санъати ба номи М.Атоев субҳи имрӯз соҳиби корти узвият дар Китобхонаи миллӣ шуданд.
Ин донишомӯзон бо даъвати Шуъбаи библиографияи миллӣ ба Китобхона омаданд. Баъди шиносоии наздик бо шароити боргоҳи маърифад, диду боздид аз толорҳои хониш, шиносоӣ бо

Эй вой, бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест...

Яке аз рӯзҳои моҳи май, аниқтараш 18-уми май Рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурист. Дар ин рӯз, ки мусодиф ба таваллуди олими бузур мебошад, дар сар то сари олам, бахусус дар он маконе, ки Хайёмро мехонанд, рӯзи бузургдошти адибро таҷлил мекунанд.

Аз омадан набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣбуд?

Страницы