библиографияи миллӣ

Ёде аз Ҳаким Карим-шаҳиди майдони ҷанг

Адибе буд, ки дар айни камолоти эҷодӣ аз миён рафт. Дар 37-солагӣ дар майдони ҷанг, барои озодии Ватан аз ишғолгарони фашистӣ ба шаҳодат расид. Вале то имрӯз ҳар сатри аз ӯ меросмонда хонданист.
Ҳаким Карим  соли 1905  дар   шаҳри  Хуҷанд   дар  оилаи  тоҷир   ба  дунё    омадааст.  Соли  1925  омўзишгоҳи  кишоварзии  Хуҷандро  хатм  карда, муддате  дар  шуъбаи  ташвиқоту  тарғиботи  кумитаи  комсомолии  шаҳри  Душанбе  ва  аз  соли  1927  дар  вазифаи  котиби  комиҷроияи Шурои вакилони  халқи Кўлоб кор мекунад. Дар муҳорибаҳои зидди  босмачиён иштирок кардааст.

Намоиши китоб: Адибони ҷанговар

Шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Адибони ҷанговар” осори он гуруҳ аз шоирону нависандагон ва олимонеро, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дифоъ аз марзи бум рафтаву гуруҳе фотеҳ баргаштанд ва гуруҳе ҷоми шаҳодат нӯш карданд, дар маърафи тамошо гузошт.
Ин намоиши китоб субҳи рӯзи шанбе ифтитоҳ шуд ва дар он бештар 20 номгӯ китобҳои адибони ҷанговари тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Акнун хонандагони ин Шуъба имкон доранд

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Адибони ҷанговар: Лутфулло Бузургзода

Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносон ва фолклоршиносони кишвар буд. Аммо роҳи илмии олими ҷавон баъди набардҳо дар ҷабаҳоти ҷанг дигар идома наёфт, чун аҷал дар айни камолоти эҷодӣ дар қасди ҷонаш шуд. Лутфулло Бузургзода ихтиёрӣ ба ҷанг рафт ва дар роҳи озодии Ватан ҷоми шаҳодат нӯшид.

Лутфулло Бузургзода 28 – уми декабри соли 1909 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара зода шудааст.  Баъди хатми омӯзишгоҳ (1930)  муаллимӣ кардааст.  Ҳоло ҳамин омӯзишгоҳ  номи ӯро дорад.

Ҳабиб Юсуфӣ: “Ман фақат аз роҳи Берлин ба Сталинобод хоҳам бозгашт...”

Рӯят чу маҳ аст, лек бо ин ту маноз,
Зебост қадат, вале ба ин фахр масоз.
Ҳар гоҳ шавад Ватан зи корат мамнун,
Он гоҳ бигӯ, ки табли шодӣ бинавоз!

Ин як рубоӣ аз шоири маъруф, шаҳиди роҳи озодӣ

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Адибони ҷанговар: Сотим Улуғзода

Аз ҷумлаи маъруфтрин адибони садаи бист аст. Ва ҳамзамон аз ҷумла озордидадтрин удабои ин қарни тоҷик аст.  Зарбаҳои ҷонсӯзе аз низоме хӯрда, ки умре аз он пуштибонӣ мекард. Адибе, ки рафтани фарзандашро хиёнат ба худу Ватану миллаташ қаламдод накард ва то охир ба қарзи падарии худ содиқ монд. Ҳама фишорҳоро таҳаммул кард, вале аз фарзанд рӯ нагардонд.
Дар ғарибӣ ҷон ба ҷонофаринаш таслим кард,

Осори Додихудо Саймиддинов дар Китобхонаи миллӣ

Додихудо Саймиддинов, олими маъруф ва донишманди пурзаковат, ки дори дунёро тарк ва роҳии олами абад шуд, шогирдону дӯстон ва пайвандонашро дар сӯг нишонд. Даргузаштии олиме чун Додихудо Саймиддинов талафоти гаронест дар илм, фарҳанг ва маърифати миллат.
Додихудо Саймиддинов донишманде буд, ки аз худ мероси гаронбаҳо, пажуҳишҳои арзанда ба ҷо гузошт ва китобҳову асарҳои таҳқиқотии ӯ асрҳо барои миллат хизмат хоҳад кард.

Страницы