библиографияи миллӣ

5406 баргаи библиографияи миллӣ ба феҳристи элекронии шуъба пайваст шуд

Дар се моҳи аввали соли 2017 аз қут­тиҳои картотекаҳои Шуъбаи билиографияи миллӣ 6774 баргаҳо таҳрир шуданд, 71 баргаи фарсудашуда нав карда шуд.
Кормандони шуъба ба тариқи барномаи «Библиограф»  5406 баргаро ба феҳристи электронии шуъба ворид намуданд. Дар ин му­д­дат ба қуттиҳои феҳристи мураттабии шуъба 3199 барга тибқи соҳа  ворид гардид. 
Тавассути 60 нусха маҷалла ва 491  нусха рўзнома

Валерий Воскобойников-адибе, ки дар бораи Абӯалӣ ибни Сино китоб навишта буд

    “Ҳазор сол муқаддам дар Бухоро марди нобиғае бо номи Абўалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ҳаёт ба сар мебурд.

Ин номи тўлонӣ монанди номҳои дигари шарқии онрўза ба назар аҷиб намояд ҳам, дар таркиби он ҷузъи ғайримуқаррарие нест. Андаке баъдтар маънои ин ном равшан хоҳад шуд.

Ибни Сино? Кист ў?

Аз Султон Сафар хонандаи Китохонаи миллӣ чӣ метавонад мутолиа кунад?

Аз драматургони пуркори тоҷик буд ва муаллифи пйеса ва асарҳои зиёди драмавист, ки ҳар кадом дар замони худ маъруфияте доштанд ва ба зудӣ дар театрҳори касбӣ пазируфта мешуданд. Вай ҳам нависандаи асарҳои саҳнавӣ буд ва ҳам бевосита дар театр кор мекард. Ин барояш имкон медод, ки ниёзҳои театрро донад, офаридаҳои худро ба саҳна ба зудӣ мувофиқ гардонад. Ҳазамон бо ин устодони ҳунармандон буд. Аз худ осори гаронмоя боқӣ гузоштааст.
    Султон Сафар
 13 – уми марти соли 1935 дар деҳаи Дарғи  ноҳияи  Айнӣ ба дунё омадааст. Факултаи  забон  ва  адабиёти  Донишгоҳи омӯзгории
Душанбе, омӯзишгоҳи ҳунарпешагони ба номи  Шепкини Маскавро (1958)

Зодрӯзи Усмон Шарифзода: Агар ӯ зинда буд, ба синни 72 медаромад

Тоҷикистон, модари ман, хонаи ободи ман,
Хотири
ҷамъу дили шоду сари озоди ман,
Эй
ғами ман, шодии ман, ишқи ман, бунёди ман,
Сарзамини гулфишонам, мулки
ҳуснободи ман,
Шод бошу шод сабзу шод мону шод зӣ!

Ин чаҳор мисраъ аз Усмон Шарифзода аст. Шоири шӯридадил, оне, ки ҳар ҳарфи каломаш бӯйи Ватан дошт, меҳанпарасти воқеъӣ буд ва на дар сухан, балки дар амал. Кулли ашъораш ишқи меҳан аст ва ишқ дар каломи шоир ҳамин Ватан аст, ки агар Ватан набуд, на ишқ буду на зиндагӣ.

Библиографияи монографии академик Ирина Каримов аз чоп баромад

Библиографияи монографии академик Ирина Холовна Каримова бо ду забон аз чоп баромад, ки дар он  фаъолиятҳои илмии ӯ  то 1 июли соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гардад.
Дар муаррифии китобнома омадааст: «Дастур барои таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати қитобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад».
Муаллифон Ҷӯрабой Раҷабов ва Сафар Сулаймонӣ дар сарсухан навиштаанд, ки “кулли маводи ба забонҳои тоҷикӣ ва русии батабърасида бори нахуст дар ин китобнома ворид гардида, мавриди таҳқиқи муаллифон қарор гирифтааст”

Агар Ҷумъа Одина зинда мебуд...

Агар умр вафо мекард, 13-уми марти соли равон Ҷумъа Одина, адиби номвар ва қурбонии ҳақиқату ростӣ ба синни мубораки 87 қадам мегузошт. Ҷумъа Одина аз ҷумлаи камшумортарин адибонест, ки гузаштаи нангини таърихро дар ҷомаи насри бадеӣ кашид ва низоми коммунистии вақтро такон дод. Романи “Гузашти айём”-и ӯ инқилоби тафаккур ба як давраи таърихии на танҳо миллати тоҷик, балки қавму миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Страницы