“Рушди кинои тоҷик – таҳкимгари фарҳанги миллӣ”

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, масъулини созмонҳои сенамои кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди кинои тоҷик – таҳкимгари фарҳанги миллӣ” бахшида ба “Рӯзи кормандони кинои тоҷик” баргузор гардид. Ташаббускори ин чорабинӣ шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода ҳусни оғоз бахшид. Вай дар бораи роҳ тайкардаи синамо дар кишвар ҳарф зад ва гуфт, ки дар рушди кинои тоҷик коргардонҳои шинохтае чун К. Ёрматов, Б. Кимиёгаров, Т. Собиров, М. Орипов баъдтар М. Юсуфова, П. Аҳмадов, С. Ҳақдодов, Г. Мирзоева, Т. Ҳомидов, С. Раҳимзод, Б. Худойназаров саҳми арзанда доранд

Абдусалом Мирализода дар бораи коргоҳи филмофарии давоатии “Тоҷикфилм” ибрози назар намуд ва гуфт: “Филмҳое, ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» таҳия гардидааст, мавриди таваҷҷуҳи хосу омма қарор доранд. Воқеан ҳам дар ин филмҳо таъриху тамаддун ва анъанаҳои қадимаи миллати тоҷик ва зебоиҳои нотакрори табиати кишвар бисёр моҳирона наворбардорӣ гардида, дар Тоҷикистон ва берун аз он соҳиби баҳои баланд гардидааст. Филмҳои «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сўҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пўсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) далели нотакрортарин филмҳо буда, дар ҳама давру замон тамошобини худро доранд.

Соҳибмақоми Китобхонаи миллӣ ҳамчунин ба меҳмонон дар бораи толори маводи мусаббат (аудио-видео) маълумот дод ва гуфт ин толор аз соли 2012 инҷониб амал менамояд ва дар он то ба имрўз 3333 пластинка, 407 диск ва  3505 пйеса мавҷуд аст. Ҳадаф аз таъсиси фонд пеш аз ҳама ин ҳифз ва нигоҳдории беҳтарин осори фарҳанги миллӣ, аз ҷумла эҷодиёти шифоҳии халқ, мусиқӣ, оҳангсозӣ, навозандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, кашидадўзӣ (гулдўзӣ), рассомӣ, тарроҳӣ, меъморӣ, раққосӣ, театр, синамо, филмҳои истеҳсоли ватанӣ, филмҳои мустанад дар бораи чеҳраҳои фарҳангӣ, гуфторҳои шахсиятҳои фарҳангӣ, балет ва ғайра мебошад.

Дар хазинаи электронии толори маводи мусаббат айни замон дар се бахш: Синамо, Театр, Мусиқӣ хизмарасонӣ шуда истодааст. Маводи дар толор буда мутобиқи талаботи фаъолияти китобдорӣ рақамгузорӣ гардида, дар хазина нигоҳдорӣ шуда, тибқи дархости муштариёну хонандагон дастрас карда мешавад”.

Ширкаткунандагон ҳамчунин маърӯзаи Сафар Ҳақдодов -раиси Иттифоқи сенамогарони Тоҷикистон дар мавзӯи “Иттифоқи сенамогарон - дастовардҳо ва дурнамо”, баромади профессор, киношиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов дар мавзӯи “Вазъи кунунии сенамои тоҷик”, Хайриддин Зайниддинов- муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино”, маърӯзаи сармуҳаррири Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” Фирӯз Аминов шуниданд.

Дар рафти чорабинӣ, намоиши филми мустанад дар мавзӯи “Кино дар даврони Истиқлолият” намоиш дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабинӣ олимону мутахассисон ширкат намуда, андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар поёни чорабинӣ  Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” 50 адад филмҳои истеҳсоли ватаниро ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар якҷоягӣ бо шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ ва Иттифоқи сенамогарони Тоҷикистон маҳфили “Киношиносон” таъсис шавад.

Фарзонаи МИРЗО
Аксҳо аз Хусрави Милод