Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ

23-уми феврал Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. 24-умин сол аст, ки ҳар сол ин рӯз таҷлил мешавад ва ҳар сол хоставу нохоста кас мехоҳад таърихи таъсиси Артиши миллиро варақ занад, роҳи тайкардаи қариб биступанҷсолаи онро пеши назар орад. Ва ин ёдкард хуб аст, чун наслҳо бояд донанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тӯли ин муддат то куҷо рушд кард, таҷриба омӯхт.
Зимнан дар бораи таҷриба. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро такмил медиҳад.
Ва инак дар бораи таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ва он ҳам хеле мухтасар.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои Итиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997)  қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолат худро ба таври шоиста адо мекарданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанўз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қўшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Қўшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қўшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қўшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, тонкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гўшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд.
Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рў, ҳадафи асосии бунёди Қўшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерўҳо ва дар маҷмўъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст.
Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кўҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерўҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.
Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

 

 

Таҳияи Ситора Саъдиева,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон