Пешвои ваҳдатсоз ва пуштибони ҷавонон

Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишвар дар қатори дигар арзишҳои моддию маънавӣ захираҳои инсонӣ, аз ҷумла насли ҷавон ба шумо меравад. Ин ҳақиқати бебаҳс аз мо тақозо мекунад, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди чомеа диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ичтимоӣ аҳамияти зиёд дорад. Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷўҳи махсус зохир карда мешавад.
Роҳи тайкардаи Пешвои миллати мо тўли солҳои сарвариаш, мутаассифона, ҳамвору бемониа набудааст. Ҳарчанд дар ин муддат хавфу хатар ҳамеша домангираш буд, аммо ў ҷон дар кафи даст сўйи қуллаи мурод – таъмини осоиш ва сулҳу салоҳ дар саросари Тоҷикистон босубот қадам мезад. Орзуи ягонаи мардум дар он рўзҳо – ҳарчи зудтар хомўш шудани садои тиру туфанг ва гиряи модарону нолаи фарзандони падаргумкарда ба ин марди ҷоннисор нерую тавони тоза мебахшид. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик наҷотбахши худро медид. Ў буд, ки бо қатъияту самимият мегуфт: «ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард ва тарафдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд бародар бошем, то вазъиятро ором намоем».
Эмомалӣ Раҳмон замоне сари қудрат омад, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистон талафоти зиёди молию ҷонӣ дида буд. Сангинтарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ талафоти ҷонӣ буд, ки мутаассифона, ҷуброннопазир аст. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар ин солҳои шуму бесоҳибӣ беш аз сад ҳазор нафар қурбон шудааст. Садҳо ҳазор нафари дигар гуреза. Дар чунин шароити вазнин, вақте ки умеди охирин фано меёфт, Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон гашт.

Бесарусомониҳои солҳои 90-ум нишон дод, ки мардум ба нерўи наву устувор ва қудратманде ниёз дошт, ки сохтори давлатиро дубора таҷдид ва халқро муттаҳид гардонад. Зарурат пеш омад, ки маҳорату ҷасорати роҳбарӣ таҷдид шуда, қарорҳои фаврии дахлдор қабул гарданд. Аз фурсат истифода бурда, қувваҳои зиёду мухталиф ба майдон омаданд, ки мақсадашон ба орзуҳои халқ – бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мутобиқат намекард.

«Имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин,
дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ
ҷавонони бонангу номус содиқона
хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди
милл
ӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд».

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти мунтазами худ собит намуд, ки ў ғаюр, далер ва дар қабули қарорҳои муҳим қотеъ асту талошу иқдомҳояш дар зимоми давлатдорӣ ўро ба сиёсатмадору сарвари тавоно табдил хоҳад дод. Корҳои муҳиму шоистаи ў – фаъолмандии қатъӣ дар музокироти сулҳ, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, хотимаи ҷанги бародаркуш, барқарор намудани артишу дигар сохторҳои низомӣ, оғози ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор намудани сохторҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, бо маводи ниёзи аввал таъмин намудани мардуми кишвар ва ҳифзи суботу амнияти ҷомеа то имрўз дар хотираҳои мост.

Дар замони Истиқлолият зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як мамлакати ободу амн ва пешрафта табдил ёфт. Албатта, бояд холисона иқрор шавем – ҳанўз камбудиҳои зиёд мавҷуданд, ки ҳалли зудтари онҳо ба манфиати миллат аст, аммо мо хуб дарк мекунем – рафъи ин масоил кори як рўзу як сол набуда, заҳмати ҳамешагии на танҳо як шахсият, балки ҷомеаро тақозо мекунад.

Ҳамасола 27-уми июн дар саросари Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллат - Рўзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил мешавад. Аз он вақте ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифини онвақтаи худ ба музокирот оғоз карда буд, солҳои зиёд сипарӣ шуд. Мо ба аҳли ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кишварҳои дўст ва ҳаммарз исбот кардем, ки ба идеяи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот содиқ ҳастем ва манфиатҳои милливу давлатии худро ҳамеша дар мадди аввал қарор медиҳем. Бо такя ба суханрониҳои ҳамешаги Пешвои миллат метавон чунин гуфт: мо собит намудем, ки ҳадафи асосии Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумат барои наслҳои оянда чунин давлате бунёд хоҳад кард, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеа, зиндагии бошарафона ва хушбахтонаи аҳолӣ мувофиқ бошад. Сулҳ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳоест, ки башарият дар тўли таърихи дурударози худ эҷод кардааст ва ҷавҳари онро заковати мардуме ташкил мекунад, ки соҳиби хирад ва фарҳанги қадимаву инсондўстона аст. Фақат чунин мардум қодир аст, ки ҳама гуна мухолифат ва низоъро бо роҳи музокирот, яъне эҳтироми ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоии баъзан зидди ҳамдигар, пеш гирифтани сиёсати гузашт ва муросо ҳаллу фасл намояд.

Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем ва бо кўмаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем.

Пешвои мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданд, ҷасурона роҳбарии давлатро бар уҳда гирифт. Нахустин сухане, ки Пешвои муаззам аз минбари баланди ин иҷлосияи таърихӣ гуфтанд, сулҳ буд ва роҳи мо ба сўйи ин маром яксону ҳамвор нест. Хиради азалии миллати тоҷик муқобили ҷаҳолат ғолиб омад ва мо дасти ҳам гирифтему дар талоши наҷоти миллат ва бақои давлат гардидем. Муҳимтарин ҳуҷҷат - Созишномаи истиқрори сулҳ байни тоҷикон ба оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ – бозсозию ободкорӣ дар асоси ғояи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо шуруъ шуд.

Рўзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад, зеро мо ба ин рўзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.

Дар ин маврид таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид аст: «Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерўҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон хуб дарк менамоянд, ки сатҳи рушди иқтисодиёт ва сифати зиндагии мардум нисбат ба бисёр давлатҳои пешрафта ҳанўз ба беҳбудӣ ва таҷдиди ҷиддӣ ниёзманд аст. Ташкили давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ роҳест, ки онро мардуми тоҷик баъди чашидани меваи талхи ҷанги шаҳрвандӣ интихоб намудааст ва мо бо ҳамин роҳ устуворона пеш меравем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Танҳо инсони хирадманду бомаърифат ва ватандўсту фарҳангпарвар дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро соҳиб шуда, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифзу пуштибонӣ карда метавонад.

Набояд фаромўш кард, ки сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон ва Пешвои барҳақи он аст. Дар марҳилаи муосир, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Аз ин метавон чунин хулоса кард, ки мардуми тоҷик низ ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасанд ва барои нигоҳ доштани бузургтарин неъмат – Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки бо талоши ин марди накусиришт ба даст омадааст, талош хоҳанд кард.

Мадина ҲАМИДОВА,
мутахассиси пешбари
Маркази «Тоҷикшиносӣ»