Бозомўзии китобдорони навоҳии Кӯлоб
Нашр шуд 2016-10-18 18:04
Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Айни замон тибқи ҳисоботи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ (12,3%), 213 нафар (7,4%) олии тахассусӣ, 980 нафар (34,3%) миёнаи касбӣ ва 1305 нафар (45,7%) бо маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд.
Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунанд, ки ин боиси нигаронист. Ин буд, ки Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 10 то 18 октябри соли 2016 курси кутоҳмуддат таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» бо роҳбари Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, Муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов, Сардори Маркази такмили ихтисос Ҳокимҷон Маҳмадҷонов, Фаррух Фатоев - мутахассиси пешбарӣ шуъбаи Автоматикунони ва раванди китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Китобхонаи оммавии шаҳри Кўлоб ба номи Садриддин Айнӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти фаъолияти ин давраи омӯзишӣ зиёда аз 40 нафар намояндагони тамоми минатқаҳои Вилояти Хатлон аз ҷумла, Муъминобод, Фархор, Восеъ, Шурообод ва ғайра иштирок намуданд.
Рафти барномаи давраи омӯзишии кутоҳмуддат аз қисматҳои зерин иборат буд:
Дар омӯзиш ҳайати иштирокчиён бо «Сертификат»-и омўзиши курси кутоҳмуддати такмили ихтисоси Муассисаи давлати Китобхонаи миллии Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Дар фарҷом ба ҳар кадом ширкаткунанда аз ҷониби намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастурҳои тавсиявӣ – методӣ, китобҳои электронӣ дар шакли диск бо ҳаҷми 84 номгуй ба тариқи ройгон тақдим карда шуд.
Ҳадафи амалӣ гардидани ин курси кутоҳмуддат пешрафти фаъолияти китобхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба мутобиқ дар шароити замона мебошад.
Инчунин Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ваъзи китобхонаҳои ноҳияи Муъминобод, Восеъ, Шуробод, Китобхонаҳои шаҳри Кўлоб ва ғайра дидан намуданд.
Валиев Чамил,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон