И.С. Брагинский: Таҳқиқот оид ба фарҳанги тоҷик
Нашр шуд 2016-08-10 15:03
Соли 1977 асари шарқшинос, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Иосиф Самуилович Брагинский (1905 Киев-1989 Москва) бо номи «Исследования по таджикской культуре» дар шаҳри Масква нашр шуд.
Муаллиф дар ин асараш натиҷаҳои таҳқиқотҳои омўзишиашро дар бораи фарҳанги халқи тоҷик ва рушди адабиёти он, аҳамияти ҷаҳонии фарҳанги тоҷикон, урфу одати халқҳои шарқ ва ғайра гирдоварӣ кардааст.
Китоб ба забони русӣ иншо шуда, аз чор боб иборат аст. Дар боби аввал, ки «Имконоти таърихии рушди фарҳанги тоҷик то давраи саветӣ» номида шудааст, хонандагон дар бораи имкониятҳои рушди таърихи фарҳанги тоҷик то инқилоби болшевикӣ ва роҳҳои гузариши халқҳои Осиёи Миёна аз форматсияҳои ҷамъиятии иқтисодӣ ва маданияти халқҳои ҷаҳон, сохти ҷомеъаи ибтидоиву барҳам хӯрдани он маълумот мегиранд.
Бобби дувум «Масъалаҳои рушди фолклори тоҷик» ном дошта, дар ин бахш се мавзўъ дар бораи таърихи эпоси халқи тоҷик пешкаш мегардад. Дар ин боб метавон гуфт, ки дар бораи «Гурӯғлӣ, «Алпомиш» ва «Кашфи назми даҳонии Карим Девона» маълумоти зиёд пайдо кард.
Масалан, муаллиф роҷеъ ба «Гуруғлӣ» менависад: «-Эпоси Гурӯғлӣ дар байни халқ пайдо шуда инкишоф ёфта истодааст. «Гурӯғлӣ» дар байни халқи заҳматкаши русто, ки хату савод надоштанд, танҳо шифоҳӣ барои дарёфти анъанаҳои ғании классикии халқии худ, офарида шуда аст».
Дар боби сеюми асар алоқамандии фарҳанги тоҷиконро бо фарҳанги дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Озорбойҷон, Украина, Фаронса ва ғайра хусусан роҷеъ ба идҳои баҳорӣ аз ҷумла, ҷашни «Наврўз», хондани сурудҳо дар васфи баҳор, муносибати онҳо ба кишту кори замин оварда мешавад. Инчунин доир ба ашъори класикии тоҷику-форс дар асрҳои IX то XY ва доир ба алоқаи байни фарҳангҳо, низ иттилоъ дода шудааст. Дар як қисмати ҳамин боб муаллиф дар бораи се намуди алоқамандии адабиёт: генетикӣ, алоқа ва типологӣ маълумот додааст.
Боби ниҳоӣ «Нависандагони советии тоҷик» ном дошта дар он дар бораи фаъолият ва ашъори Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Розияи Озод ва Ҷалол Икромӣ маълумот дода мешавад.
И.С.Брагинский дар ин қисмати асараш пайдоиши адабиёти советии тоҷикро ба охирҳои солҳои 1920 мансуб медонад. Ҳамчунин дар ҳамин боб номҳои адибони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумла Раҳимӣ, Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Аширмат Назаров, Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва Лутфулло Бузургзода оварда шудааст. Ёдовар мешавем, ки аз миён чор нафари ин нависандагон ҳангоми набардҳои шадид дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок гаштанд.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон расонида мешавад, ки аз ин асар як чанд нусха дар хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумла, дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфўз аст. Хонандагон (татқиқотчиён, донишҷўён, унвонҷўён) метавонанд аз он ҳамчун сарчашмаи боэътимод дар корҳои илмии худ истифода баранд.
Шарофат Пардаева,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ