Китоб сарчашмаи ҳама хушиҳост

“Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори ҳамарӯзиаш бошад”.
Суқрот

Ҳар қадар дар бораи фосидии ахлоқи ҷомеа, заъфи равонӣ, дониши коста, фарҳанги пасти муносибати ҷомеа андешидам, боз сабаби онро дар кам хондан дидам.
Ҳар қадар хостам ба умқи ин нукта фурӯ равам, ки чаро мо пешрафт надорем, боз ҳам дар он ёфтам, ки китоб кам мехонем. На танҳо фарзандонамон, балки худи мо.
Агар мо китобхон бошем, метавонем фарзандонро таблиғ кунем. Вале вақте худ намехонем ва намедонем, чӣ гуна ба онҳо дарси ибрат шавем?

  Ҷавҳари асосии ҳарф, калима, ибораю ҷумла билохира илм, дониш, хониш, савод китоб ба ҳисоб аст. Китоб ин дӯсти вафодор ва боғи пур аз меваҳои маърифату маданият, ахлоқу фаросат барои ҳар инсони китобдӯст мебошад. Зеро ҳангоме онро варақгардон менамоем, ҳама он ишораҳои болоро аз он зуд дармеёбем. Бинобар ин аз қадимулайём бузургон дар васфу фазиллати китобу китобдорӣ, таъсири он ба афкору дониши инсон баён намудаанд.

 Бале, китобро сарчашма ва манбаи асосии илм бигӯем ҳам хато намекунем. Чунки андеша намоед, ки ҳангоме бо ягон шахсиятҳои барҷаста ҳамсӯҳбат мегардед, аввал суханашон манша мегирад аз китобу китобхонӣ. Ин гувоҳи онро дорад, ки миллати тоҷик доимо дӯстдори китоб мебошанд. Вақте шахс рӯй ба китобхонӣ меорад, тасаввур кунед, ки ӯ аз он чи қадар лаззат мебарад. Яъне китобро дӯст доштану онро ҳамеша гирифта мутолиа кардан барои инсон як дунёи дигареро воменамояд, ки қалби касро шод мегардонаду нутқро, саводнокиро ва донишро зиёд мегардонад. Хусусияти дигари китоб он аст, ки аз хондани он хазинаи луғавии кас пур мегардад ва шахс метавонад дар мавзӯҳои гуногун бе ягон душворӣ ибрози андеша намояд.

Агар мо хоҳем оянда миллатамон,
яъне ҷавонон нисбат ба китобу
китобхонӣ меҳри беандозае дошта бошанд,
муаллимонро зарур аст, то дар кадом
намуди фане бошад, барои толибилмон
адабиётҳои гуногун барои хондан тавсия диҳанд.

  Шахс муҳаббати воқеӣ нисбат ба китобу китобхонӣ дошта бошад, пас ӯ аз ҳамаи чиз ба мисли хубию бадӣ, ростию дурӯғ, саховату мумсикӣ ва ғайраҳо дар зиндагӣ бохабар мегардад. Мухтасар гӯем, аз зиёд истифода намудани китоб ба осонӣ ҳар фард калиди мушкилкушои ояндаи хешро меёбад. Китоб ганҷинаи бебаҳои умри инсон мебошад, яъне бо хондани он саводнок  гардида, масъалаҳои душвори ҳаётиро ҳаллу фасл намудан осон мегардад.

Маврид ба ёдоварист, ки ин қадар бузургони мо монанди Абӯали Ибни Сино, Рӯдакию Форобӣ, Румию Хайём ва Саъдию Ҳофиз, ки дар арсаи ҷаҳонӣ номовар шуданд, сарчашмаи асосии зиндаю ҷовид мондани исми шарифи онҳо маҳз китоб мебошад. Агар онҳо аз рӯзи аввал меҳри беандозае нисбат ба китобу китобхонӣ намедоштанд, пас бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳеҷ гоҳ касе онҳоро намешинохт. Бахусус, дӯстии онҳо бо китоб сабаб шуда метавонад, ки чунин шахсиятҳои барӯманду  номдор гардиданд. То замони мо ва пас аз ин ҳам бузургии онҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд.

  Дар замони имрӯза ки асри илму техника ва тараққиёт ба шумор меравад, бисёр таҷҳизоти техникие аз қабили интернету телефонҳои мобилӣ, компютеру планшетҳо ва монанди  инҳо асбобҳои зиёде баромадааст, ки аксарияти мардумро алалхусус наврасону ҷавононро аз китоб дур намудааст.

Барои он ки фарзандони мо, яъне насли наврас
аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу
ҳавас пайдо кунанд, дар хонаҳои худ ҷойи
хурде ҳам бошад, махсус китобхонае дошта бошем.

Имрӯзҳо бисёр дар кӯчаю роҳравҳо, боғҳою дигар ҷойҳои истироҳатӣ ба мушоҳида мерасад, ки қариб қисми зиёди ҷавонони мо майлу рағбат ба бозиҳои хусусияти фаҳшу бераҳмӣ, қатлу зӯроваридошта, ки ба психалогияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва дигар барномаҳои нолозими компютерию телефонӣ доранд ва дар ягон гӯшаи хаёлашон фикри вақт ҷудо кардану ҷойе нишаста, ба мутолиаи китоб машғул шудан нест.

Ҳатто лаҳзаҳое шудаанд, ки дар боби чунин муносибат доштани онҳо пурсон мешудем, ки аз кори беҳуда кардан, рафта китобҳои шавқовар гирифта хонанд, то чизе барои худ гиранд. Аммо дар посух аз наврасону ҷавонон мешунидем, ки бархе аз онҳо китобро моли бобоӣ дониста, ба чизҳои муосир монанди таҷҳизотҳои дар боло ишора намуда майл доштаанд.

Лекин мо муқобили ин гуна фикрронии онҳо ҳастем. Зеро дар ягон замон ҷойи китоби чопиро чизи дигаре гирифта наметавонад. Яке аз хусусияти хуби китобҳои чопӣ он аст, ки ба чашму дигар узвҳои бадани инсон зарар надорад. Хусусияти дигараш он шуда метавонад, ки барои он қувваи барқ лозим нест. Ҳар куҷое бошем, гирифта бемалол мутолиа менамоем. Барои он ки фарзандони мо, яъне насли наврас аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, дар хонаҳои худ ҷойи хурде ҳам бошад, махсус китобхонае дошта бошем. То ҳамон кӯдак ҳар замоне ки аз назди он гузар намояд, бе ягон гуфтугӯ  худ майли китоб намояд.  Дар ин маврид волидонро зарур аст, ки аз хурдӣ дар дили фарзанди хеш меҳри китобу китобхониро афзун намоянд, то ҳангоме ки тифл ба мактаб равад аз хондани китоб саркашӣ накунад. Бинобар ин мисли падару модараш бояд, ки китобро дӯст бидорад, то фардо ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонанд. На ин ки баръакс аз хондани китоб нафрат пайдо карда, варақҳову саҳифаҳои онро бераҳмона даронда, ба рӯйяш хатҳо кашида, ҳоли китобро бад кунад.

  Оид ба шавқи зиёд доштан ва ҷалб намудани насли наврасу ҷавон ба китоб пас аз оила ва баъд аз мактаб вобастагии калон  дорад.
Агар мо хоҳем оянда миллатамон, яъне ҷавонон нисбат ба китобу китобхонӣ меҳри беандозае дошта бошанд, муаллимонро зарур аст, то дар кадом намуди фане бошад, барои толибилмон адабиётҳои гуногун барои хондан тавсия диҳанд. Пас аз чунин муносибат метавон гуфт, ки хонанда хоҳу нохоҳ ба хондани китоб шурӯъ мекунад ва агар толибае бошад, ки умуман дар фикраш майли мутолиаи китоб набошад, вале дар таассуб ба ҳамсабақи худ метавонад аз пайи ҷустуҷӯйи китоб гардад. Бинобар ин боз ҳам ёдовар мешавем, ки китоб сарчашмаи илм мебошад.

Аз ин рӯ, на ин ки китобро дӯст доштану онро хондан танҳо вазифаи хурдсолон аст, инчунин калонсолон низ вазифадоранд ҳар як саҳифаи китобро муқаддас дониставу мавриди хониш қарор диҳанд. Чунки дар баробари хурдсолон калонсолоне низ ҳастанд, ки ба қавле аз мактаби инсондӯстиву маданиятомӯзӣ то ҳол нагузаштаанд. Зеро бисёртар дар нақлиёт, бозорҳо ва хуллас дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ чунон гапҳое мезананд, ки ба ақли инсони комил рост намеояд. Ин гуна гуфтор аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин афрод аз хурдӣ ба китоб кам ё аслан таваҷҷӯҳ накардаанд. Ба ин хотир гап сари он намеравад, ки то кай олиму адиб бошеду пас китоб хонед, балки барои ҳама қишри ҷомеа хондани китоб ва дӯст доштани он ҳатмист. Чунки баъд аз китоб хондан шахс муносибату муошират ва хушгӯйиву  некгуфториро ба хубӣ меомӯзад, ки ин ҳам байни ёру дӯстон обрӯю эътиборашро боло мекунад. Ҳамин чиз сабаб мешавад, ки дар оила агар зан ва ё фарзандон ва баръакс шавҳар ё каси дигар мактабро пурра нахонда бошад ва аз хушмуомилагию хубгуфтории яке аз аъзоҳои хонаро  дида ибрат мегираду меомӯзад.

  Фаромӯш набояд кард: агар хоҳем дар ҷомеа мавқею мақоми хоси худро гум насозем, обрӯю шаъну шарафи махсус дошта бошем, меҳри китобро аз худ дур насозем. Зеро маҳз китоб аст, ки инсонро бомаърифату маданият, хуштарбияву хушахлоқ ва доною закӣ мегардонад. Китоб дар ҳаёти башарият дӯсти боадлу инсоф аст, масалан барои он вақт ҷудо намудаю онро гирифта хонем, ҳеҷ гоҳ моро хор шудан намемонад ва ҳар чизе дар худ ниҳон дорад ба мо дода метавонад.

РУХШОНА Каримова
Сармутахассиси
Маркази
такмили
ихтисоси КМТ

Барчаспҳо: