Рӯзи Артиши миллӣ ва ҷанговарони интернатсионалист
Нашр шуд 2021-02-23 12:11
Мо дар Рӯзи таъсисёбии “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки дар чунин рӯзи фараҳбахш ёд кардани хотираи неки “ҷанговарони интернатсионалист”, онҳое ки дар хоки кишвари ҳамося-Афғонистон барои ҳимояи ин сарзамин аз ҳар гуна хатарҳои дерунаву дохила ҷонбозиҳо кардаанд ва қадршиносии иштирокчиёни ин ҷанг барои тарбияи ватандӯстии мардум, махсусан ҷавонон хеле муҳим аст.
Тавре маълум аст, дар солҳои 80-уми асри сипаригардида дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ дар Афғонистон нерӯҳои демократӣ ба сари қудрат омаданд, аммо вазъияти сиёсӣ ва иҷтимою иқтисодии ин кишвар хеле мураккаб буд. Бо назардошти ин, роҳбарияти олии ин кишвари ҳамсоя ба роҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи он ба ҳисоб мерафт, барои кумаки ҳарбӣ муроҷиат намуд. Дар ин муроҷиат роҳбарияти Афғонистон дархост намуда буд, ки барои дастгирии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи давлати Шӯравӣ барои ҳифзи амният ва тартиботи ҷомеаи Афғонистони ноором ба ҳайси қувваҳои сулҳхоҳ ба хоки ин кишвар ворид карда шаванд.
Дар асоси ин хоҳиши роҳбарияти давлати ҳамсоя “Қувваҳои маҳдуди Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва афсарону сарбозон” ба хоки Афғонистон ворид шуда, минбаъд номи “ҷанговарони интернатсионалист”-ро гирифтанд.
“Ҷанговарони интернатсионалист”-и ҷанги Афғонистон аз тамоми ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ба хусус аз Тоҷикистон, мо ки бо мардуми ҳамсояи Афғонистон умумияти марзӣ ва фарҳангию забонӣ дорем, хеле зиёд буданд ва онҳо нафақат ба сифати афсарону сарбозон, балки ба ҳайси мушовирону тарҷумон низ хизмат мекарданд.
Баъд аз буду боши қариб даҳсола дар соли 1989 Кувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон хориҷ шуданд. Баъди ду сол, яъне соли 1991 Давлати абарқудрати Шуравӣ аз байн рафт ва инак зиёда аз 30 сол боз дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ СССР “ҷанговарони интернатсионалист” ҷамъият ва гурӯҳҳои худро доранд.
Дар асоси маълумоти расмии Шӯрои “ҷанговарони интернатсионалист”-и Тоҷикистон дар ҷанги Афғонистон зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуда, 366 нафар фавтиданд ва зиёда 1000 нафар хизматчиёни ҳарбӣ захм бардоштаанд.
Дар Тоҷикисони соҳибистиқлоли мо “ҷанговарони интернатсионалист”-и ҷанги Афғонистон мақоми махсус доранд ва ҳуқуқҳои онҳо дар бисёр маврид бо иштирокчиёни Чанги бузурги Ватанӣ баробар карда шуда, аз имтиёзҳо бархурдоранд. Ҳамасола дар Рӯзи Артиши Миллӣ хотираи неки “ҷанговарони интернатсионалист” махсусан қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Александр Мироненко ва Набӣ Акрамов ёд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон чорабинихои маърифатӣ доир карда мешаванд.
Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмиии халқи кишвар ва махсусан тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ саҳми босазои худро мегузоранд.
Махбуба Алиева
мутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба маъюбон