Аз эҷодиёти бадеии Шарқӣ Қадим то даврони мо қисми ночиз (варақаҳои пораканда) омада расидааст, ки он таърихи беш аз ҳазорсоларо тай намуда, қисми асосии он нобуд гаштааст. Ҳар он чизе, ки боқӣ мондааст аз дараҷаи баланди илму маърифат ва доираи васеи паҳнгардии хонишу дониши он замон гувоҳӣ медиҳад.
Оид ба фаъолияти китобдории Шарқи Қадим шарқшиносон маълумотҳои тоза додаанд. Мисршиноси фаронсавӣ Э. де Руже дар шаҳри қадимаи Гиз қабри вазифадори бузурги намояндаи сулолаи IV- и(солҳои 2930-2750 – и пеш аз милод) Шепсескафанхаро дарёфт намуд, ки дар навиштаҷоти болои қабрии ў дар қатори дигар вазифаю унвонҳояш «…сардори хонаи навиштаҷотҳо» (39, С. 19) зикр ёфта буд. Аз ин рў, ба ақидаи мо аввалин китобдори ба мо маълум маҳсуб меёбад. Китобхонаҳои аввалин дар Миср, Шумер, Ошур пеш аз ҳама ҳамчун хазина барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо будаанд. Китобхонаҳо дар назди қасрҳо, дайрҳо, муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳо арзи вуҷуд доштанд. Захираи онҳо калон набуд. Лўлаҳои хаттиро дар Миср, асосан, дар сандуқҳои махсус ва ё тоқҳои махсуси дар девор сохташуда нигоҳдорӣ менамуданд. Дар болои сандуқҳо ва ё тоқҳои махсуси китобмонӣ рўйхати китобҳо часпонида мешуд, ки он аз китобҳои дар захира мавҷудбуда ба хонанда иттилоъ медод. Яке аз махзанҳои қадимаи китоб дар вайронаҳои Сиппараи Шумер ёфт гардид. Дар назди ибодатгоҳ бостоншиносон хонаи начандон калонеро пайдо карданд, ки дар дохили он тўдаи гирдаҳои сафолӣ мавҷуд буд. Баргардони он нишон дод, ки онҳо, асосан, аз гимнҳо, матнҳои динӣ ва дидактикӣ, луғатҳо, алифбо, китобҳои дарсӣ оид ба шеърнависӣ ва зиёда аз ҳазорон номгўй рисолаҳо иборат буд. Мумкин аст, ки ин китобхонаи ибодатгоҳ бошад. Ҷадвали диққатҷалбкунандае бо нигоштаи: «Ҳар касе, ки дар хониш пешқадам аст, ҳамчун хуршед нурафшонӣ хоҳад кард» андаруни дигар гирдаҳо ёфт гардид. Дар яке аз вилоятҳои Байнаннаҳрайн бостоншиносон якчанд миллион гирдаҳои нигормехиро пайдо карданд, ки то замони мо зиёда аз 500 ҳазори он ба чоп расидааст.
Ибодатгоҳҳо китобхонаҳои бузург доштанд, масалан, ибодатгоҳи худои Энлил дар маркази дигар маданияти шумерӣ дар Ниппур (Нуффари имрўзаи Ироқ). Дар он ҷо зиёда аз 54 ҳазор гирдаҳои гилӣ, ки бештарини онҳо қадима буда, ба ҳазораҳои IV- III-и пеш аз милоди ва инчунин нисбатан нав - ба асри IV- то милод тааллуқ доштанд. Қисми зиёди гирдаҳо матнҳои адабиро фаро гирифтаанд. Гирдаҳо дар болои рафҳои тахтагие, ки болои сутунҳои лойии нимметра қарор доштанд, дар танаи девор ва миёни бино пайиҳам ҷойгир карда шудаанд. Бостоншиносон аз вайронаҳои шаҳри қадимаи Лагаш қариб 20 ҳазор гирдаҳои гилӣ пайдо намуданд...
Ин сатрҳо аз як мақолаи китоби “Таърихи библиографияи тоҷик” (аз замонҳои қадим то ибтидои асри XXI), таълифи Қурбоналӣ Бӯриев иқтибос шуданд. Рисолаи мазкур таърихи библиографияи тоҷик аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХ1 мавриди таҳқиқ ва натиҷагирӣ қарор додаст. Муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ кўшиш ба харҷ додааст, ки саҳифаҳои китобшиносиву китобдорӣ ва хусусан библиографияи ниёгонро мавриди омўзиш қарор диҳад. Дар он таърихи библиографияи ниёгон давра ба давра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта, дастовардҳои ҳар як давра мушаххасан арзёбӣ шудааст. Муаллиф бештар ба осори илмии тахассусӣ, бахусус асарҳои олимони соҳаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ такя намуда, манобеи библиографии дар замони шўравӣ ва истиқлолияти кишвар инкишорёфтаро бо назардошти талаботи илми китобдорӣ мавриди таҳлил қарор додаст.
Китоб мавзӯъҳои пайдоиши иттилооти библиографӣ дар давраи то исломӣ, инкишофи иттилооти библиографӣ дар асрҳои VII- XVII, рушди иттилоотӣ библиографӣ дар асри XVIII - оғози асри XX, библиографияи тоҷик дар замони Шўравӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст.
Рисола ба олимон, муҳаққиқон, унвонҷўён, омўзгорон, донишҷўён ва мутахассисони соҳа пешниҳод шудааст.
Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи М. Назарова