Муаррифӣ: Мирзо Ҳасани Султон. Забони пўё ва поё

Дар ин маҷмўа мақолаҳои ҷудогонаи дар мавзўи таърихи забон, покизагии забон, забони илм ва истилоҳоти илмӣ навиштаи муаллиф гирд оварда шудааст. Маҷмўа барои таъину таҳқиқи махсусиятҳои забон, забони илм, доираи имконоту тавонмандиҳои забони модарӣ дар баёни матлаби илмӣ, масъалаҳои назариву корбурдии истилоҳот ва ғайра мусоидат мекунад. Маҷмўа барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни макотиби олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Китоб соли 2018 дар нашриёти “Дониш” ба табъ расидааст. Муаллиф дар сарсухани китоби мазкур навиштааст, ки забони модарии мо – забони тоҷикӣ нахустунсури ҳастии миллати тоҷик барои ҳамаи давру замонҳо ва шаҳсутуни бинои давлати миллии имрўзаи тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 Вале бояд иқрор кард, ки бо вуҷуди он ҳама собиқаю салиқаи дерин ва қудрату тавони  камназир ин забон имрўз дар марҳилаи ниҳоят ҳассос ва душвори рушду тараққии худ қарор дорад. Зеро, равандҳои имрўзаи сарнавиштсозу сарнавиштсўзи ҷаҳонӣ, аз ҷумла раванди босуръати ҷаҳонгароӣ, ё ҷаҳонӣ шудан ба мавҷудияти аксари забонҳои ҷаҳон таҳдид мекунад, ки аз ин миён забони тоҷикӣ истисно нест.

Бино бар ин, роҳи асосии ҳифзу нигаҳдошт ва рушду таҳкими забони тоҷикӣ дар ҷаҳони имрўз пеш аз ҳама аз муносибати самимонаи аҳли забон ба ганҷинаи вожагону истилоҳоти он, ки дар тўли бештар аз ҳазор сол гирд омадааст, ибтидо гирифта, бо кўшиши пайваста барои истифодаи ин дороӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар фардои он идома пайдо мекунад.

Омили дигари ниҳоят муҳим ва тавонбахши бақову пойдории забони тоҷикӣ дар айёми мо дар ҳамаи соҳаҳои илму фан ба сифати забони илм истифода шудани он аст.

Далелҳои қотеи илмӣ ба исбот мерасонанд, ки забони модарии мо на танҳо дар шеъру адаб, балки дар илм ва таълифоти илмӣ низ собиқаи бешар аз ҳазорсола дорад ва донишмандони маъруфи миллии мо – Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дар таъриҳи ташаккули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ нақши меҳварӣ дошта, забони илмии моро поягузорӣ кардаанд. Таҷрибаҳои дар бунёди забони илм ва истилаҳоти илмӣ андӯхтаи ин ду донишманд ва чароғи дар ҳамин замина афрӯхтаи ин бузургони олами илм имрўз беш аз пеш роҳи забони илм ва истилоҳоти илмии моро равшан мекунад ва дар амри бақову пойдории забони мо ба гунаи неку мусоидат менамояд.

Зарур аст, ки аз тарафи муҳаққиқони мо осори ин ду донишманд ва дигар муаллифони осори илмии форсӣ-тоҷикӣ мавриди таҳқиқу тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шавад, то ки забон ва сабки нигориши илмии онҳо барои олимони мо дар таълифоти минбаъда ба сифати дастуру раҳнамо мавриди истифода қарор бигирад.

Забони поё ва пўёи мо бо таҷриба ва ганҷинаи ғании луғавии дар тўли ҳазорон сол анбоштаву андўхтаи худ барои истифода дар ҳамаи соҳаҳо имконоти кофӣ дар ихтиёр дорад. Илова бар ин, Истиқлолияти миллӣ барои истифодаи забон дар ҳамаи ҷабҳаҳо раҳ боз намуда, Давлату Ҳукумати мамлакат барои пешрафти забон пайваста тадбирҳои амалии судманд меандешад.

Китоби  “Забони пӯё ва поё”-ро ҳоло дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

Таҳияи Дилноза Ғаниева

Барчаспҳо: